Капитальная реконструкция автодороги Бишкек-Нарын-Торугарт

Мақомоти Тоҷикистон бозсозии роҳи Тоҷикистон ба Қирғизистонро баррасӣ кард

296
Дар пойтахти Тоҷикистон бо иштироки коршиносон ва мақомоти Тоҷикистон мези мудаввар доир ба лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Ваҳдат – Рашт - Лахш – сарҳади Қирғизистон, китъаи км 72-158” баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik.  Мақомоти Тоҷикистон лоиҳаи Сохтмони роҳи автомобилгарди Ваҳдат – Рашт  - Лахш – сарҳади Қирғизистонро баррасӣ намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Барқарорсозии роҳ, акс аз бойгонӣ
© Фото : Пресс служба правительсва ГБАО

Бино бар иттилои манбаъ, дар мези мудаввар, ки ба раёсати Давлаталӣ Саид муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон баргузор шуд, роҷеъ ба таҳияи тарҳи бозсозии роҳи ноҳияи Ваҳдат то марзи Қирғизистон ва фароҳам кардани манобеи молии мавриди ниёз баҳс ва табодули назар шуд.

Бар асоси ин тарҳ таъмини манобеи молӣ барои бозсозии километри 72 ин роҳ дар ноҳияи Ваҳдат то километри 172-и он дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш дар дастури қарор гирифт.

Ёдрас мешавем, ки пештар бахшҳое аз ин роҳ бо кумаки молии 60-миллиондолларии Бонки Рушди Осиё тармим ва бозсозӣ шуда буд.

Роҳи ноҳияи Ваҳдат то марзи Қирғизстон 400 километр тул дорад, ки масири иртиботии шарқи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст.

296
Барчаспҳо:
вазорати нақлиёт, Қирғизистон, сохтмон, роҳ, Тоҷикистон