Наручники, архивное фото

Падар духтарашро буғӣ карда кушт

981
Кормандони милитсияи Тоҷикистон мардеро дастгир намуданд, ки дар қатли фарзандаш айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik.   Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус марди 60-сола бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд.

Манбаъ хабар додааст, ки номбурда, рӯзи 19-уми январи соли равон, тахминан соати 13:45-дақиқа, дар саҳни ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо духтараш, зани 30-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо ноқили барқии дар дасташ буда, ӯро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст. 

Доир ба ин ҳодиса аз тарафи Прокуратураи ноҳияи Шаҳритус нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

981
Барчаспҳо:
боздошти қотил, милитсия, ВУД ҶТ, Тоҷикистон