Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото

КҲФ Тоҷикистон: аксари роҳҳо аз барфу тарма тоза карда шуд

161
Бориши шадиди барф равуо дар роҳҳои кӯҳии кишварро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Хатари лағзиши тарма бештар шуд, боришҳо пайваста кори роҳрӯбонро ҳам душвор кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik.  Ҳоло садҳо мошин дар ду тарафи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Рушон-Хоруғ дармондаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, аз ҳамаи роҳҳои кӯҳӣ дар айни замон танҳо дар километри 81-уми шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд ба масофаи 150 метр, ағбаи Анзоб ва дар километри 569-уми роҳи мошингарди Рушон-Хоруғ роҳ баста аст.

Тибқи иттилои идораи обуҳавосанҷии кишвар дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғд, водии Рашт ҳаво соф аст. Дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, водии Ҳисор ҳаво абриву бебориш аст.

Бо вуҷуди огоҳиҳову ҳушдорҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон ронандагон ҳамоно баъзан бидуни зарурат ҳам ба сафар мебароянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон бори дигарт аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳои пурборишу тармахез ва сангрез аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.Бахусус,  касоне, ки кӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво, шикор мераванд, эҳтиёт кунанд. Ин рӯзҳо ҳавои ин корҳо нест, бояд мунтазир буд, то фурсати муносиб фаро расад.

161
Барчаспҳо:
Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Хоруғ, роҳҳо, тоза кардан, тармафароӣ, тарма, Тоҷикистон
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон даргузашт

549
(Таҷдидшуда 16:36 13.08.2020)
Шоири маҳбуби тоҷик дар синни 75-солагӣ дар бемористон ҷон додааст. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш вай дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед"

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Шоири мардумии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ, шоири шаҳири Гулназар Келдӣ имрӯз, 13 август дар бемористон даргузашт, хабар медиҳад манбаи Sputnik Тоҷикистон.

Хабари даргузашти шоирро дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон низ тасдиқ мекунанд.

Гулназар Келдӣ , ки чанд рӯз пеш бар асари беморӣ ба бемористон интиқол дода шуда буд, дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ташвиш накашанд.

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

Аммо мутаассифона аллакай 12 август аз бемористон хабар расид, ки Гулназар Келдиро табибон зери дастгоҳи нафасдиҳӣ гузарониданд.

Қаблан шоири халқӣ ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба беморхона интиқол ёфта буд.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

549
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон як қатор масъулинро ҷо ба ҷо кард

1303
Бо фармонҳои Президент раисони судҳои ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияи Муъминобод, муовинони раисони судҳои вилояти Хатлон, шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаи мақомоти судӣ таъйин гардиданд.

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ, прокуратура, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президент ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент. 

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони судҳои ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, муовинони раисони судҳои вилояти Хатлон, шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаи мақомоти судӣ таъйин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, шаҳри Исфара ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ноҳияи Тоҷикобод ва прокурори гарнизони ҳарбии ноҳияи Рашт таъйин гардиданд.

Тағйироти кадрӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд: сардорони нави МНДСЭ киҳоянд?

Бо қарорҳои Ҳукумат Ҳокимшо Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк", Амирзода Ориф Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддинзода Сайҷамолиддин директори Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб", Давлатқадам Бахтовар, Директори муассисаи таълимии давлатии "Мактаб –интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон"-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Азизӣ Зебуннисо муовини директори муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" таъйин гардиданд.

 

Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Даврон сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соҳибзода Муҳаммадҷон муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.

Зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои муҳиму масъулиятнок таъйингардида Сардори давлат таъкид намудааст, ки сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу унсурҳои барои ҷомеа бегона, риояи баробари иҷрои қонуну барномаҳои давлатӣ дар мамлакат равона гардида, барои татбиқи ин ҳадафҳои созанда аз ҳар яки шумо меҳнати софдилона ва фаъолият дар чаҳорчӯбаи талаботи оинномавӣ талаб карда мешавад.

1303