Снегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок

КҲФ: роҳи Хоруғ-Ишкошим то ҳол баста аст

173
Ҳарчанд дигар роҳҳои Тоҷикистон боз шуда бошанд ҳам, хатари лағжиши тарма ва санг дар роҳҳои кӯҳӣ бартараф нашудааст

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистонхабар медиҳад, ки роҳи Хоруғ-Ишкошим то ҳол бастааст. Ба иттилои манбаъ, дигар роҳҳои Тоҷикистон ҳама бозанд.

Аммо, афзудааст манбаъ, новобаста аз ин хатари лағжиши тарма ва санг дар роҳҳои кӯҳӣ бартараф нашудааст.

Аз ин хотир, Кумита ба таваҷҷуҳи ронандагон  мерасонад, ки тибқи тавсияҳои хадамоти дахлдор сафар карда, ҳама гуна қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

"Бар асари лағзиши тарма аз километри 39 сар карда, дар километрҳои муайяни мавзеъҳои Ирғазор, Кӯҳи Лаъл — Сист, Бичур ва Колукен, Вогз, Шанбидеҳӣ ва деҳаи Қозидеҳи ҷамоати Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим роҳҳо баста шудаанд»",- афзудааст ҚҲФ.

Пештар низ хабар дода шуд, ки Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳи Хоруғ – Душанбе кушода шуда, роҳ сӯи навоҳии Ишкошим ва Мурғоб ҳанӯз баста мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, 50 мошини пурборе, ки ба далели тангии роҳи рӯфташуда дар мавзеи Танги ноҳияи Шуғнон дармонда буданд, 20 январ ҳаракат сӯи Душанберо оғоз карданд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе – Хоруғ дар пайи барфрезии шадид ва тармафароӣ қатъ шуда буд.

173