Смартфон, архивное фото

Дар Ваҳдат телефони пиразани 73-соларо дуздиданд

75
Арзиши "Самсунг Галакси-8"-и зан 20 ҳазор рубли русиро ташкил медодааст. Ба гумони дуздии телефон ҷавони 25-солае дастгир шудааст

ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Дар шаҳри Ваҳдат телефони зани пиронсол - 73-солаеро рабуданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 73-солаи сокини деҳаи Ситораи Сурхи шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2018 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси-8”, ки арзишаш 20 000-рубли русиро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Вазорати умури дохила мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини деҳаи Бузбити шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.

Тафтишоти қазия идома дорад.

75