Дорога в городе Душанбе, архивное фото

Шаҳри бехатар: аз ҷаримагурезии Убайдуллоев то қонуншикании "Мерседес"-и Раҳмонов

1806
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Бино ба иттилои равобити умумии ин ниҳод,  рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Дар феҳрист исми ронандаҳои 105 автомобили шахсӣ ва ширкатҳои хизматрасонӣ омадааст.

Бино бар иттилои ВУД, аз ҳама бештар дар роҳҳои Душанбе ронанадаи "Тойота -Камри" -и Ашӯралӣ Холиқов қонуншиканӣ карда, 230 маротиба ӯро ҷарима кардаанд, аммо Холиқов то ҳол маблағи ҷаримаро насупоридааст. Маҳмадшо Носиров,  ронадаи "Лексус" низ дар ин рӯйхаст "пешсаф" аст. Ӯ дар маҷмӯъ 168 маротиба қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон карда, ҷаримагурезӣ кардааст. "Ҷои севвумро" Самир Азизулло гирифтааст, ки бо "Опел Астра"-аш 101 маротиба қонуншиканӣ кардааст.

Дар феҳрист исми  Фаттҳулло Убайдуллоев (ронандаи "Опел" - 10 ҷарима), Мақсуд Раҳмонов ("Мерседес -бенс" - 48) маротиба, Маҳмадалӣ Мӯсоев -46 ҷарима, Баротмад  Дустматов - 37 ҷарима ёдрас мешавад.

Аз ронандагони ширкатҳое чун ҶДММ "Муҳаммадҷон", "Талко персия", "Бунёди маблағгузории Тоҷикистон", "Автобуси-3", ҶДММ "ЭКСПРЕСС", ҶСК "НАҚЛИЁТ", "СОМОН ТРАНС", ҶСК "Шабакаҳои барқии Душанбе" низ хоҳиш карда мешавад, ки ҷаримаҳои напардохтаашонро супоранд.

1806