Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото

КҲФ: хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад аммо ҳоло ҳаракати мошинҳо пурра барқарор шуд

184
(Таҷдидшуда 20:13 25.01.2019)
Роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пурра барқарор шуд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik.  Рӯзи 24 январи соли равон роҳи нимабастаи Хоруғ-Ишкошим пурра боз шуда, воситаҳои нақлиёт бо реҷаи муқаррарӣ равуо доранд, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, тамоми ин рӯзҳо хадамоти роҳ, ҳукуматҳои маҳаллӣ бо ҳама имконоте, ки дар ихтиёр доштанд, дар километрҳои  45, 51,52,55,58 ва 62  роҳро пурра аз тарма пок карданд ва ҳаракати мошинҳо шуруъ гардид. 

Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир эҳтимоли ҳодисаҳои нави тармафароӣ вуҷуд надошта, лекин дар қитъаҳои роҳ техникаи махсус машғули кор аст.

“Инчунин, рӯзи 24 - январи соли равон соати 15:55 дақиқа дар километри 12-ми мавзеъи Дусчини Ҷамоати деҳоти К. Гадолиеви ноҳияи Роштқалъа ду ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он роҳ муваққатан баста гардид. Бо эъзоми техникаи махсуси барфрӯбӣ баъди ду соати часпуталошҳои пурмаҳсул ин роҳ аз ғарами барф холӣ гардид ва пурра боз шуд”, таъкид намудааст манбаъ.

Кумита ёдрас шудааст, ки роҳи самти Рушон водии Бартанг дар километрҳои 140 то 143 мавзеъи Писос, километрҳои 170-172 мавзеи Рухчи ҷамоати деҳоти Савноб  бар асари шамоли сахт ва ҷамъшавии барфтуда баста аст. Ба мавзеъи мазкур 1 адад булдозери ДТ-75  сафарбар карда шуда, соати 19:50 дақиқа роҳ дар км 140-143 мавеъи Писос боз гардид. Корҳои бартарафсозӣ  дар километрҳои 170-172, рӯзи  24 январ боз шуд.  

Манбаъ қайд намудааст, ки оқибатҳои офати табие, ки сар аз 20-уми январи соли равон дар роҳҳои куҳии кишвар ҳоким буд, бартараф гардид ва ҳоло ҳамаи роҳҳо бозанд ва равуои бидуни мамониати мошинҳо таъмин карда шудаанд.

184
Барчаспҳо:
роҳ, тарма, тармафароӣ, КҲФ ҶТ, Тоҷикистон