Термометр, акс аз бойгонӣ

Ҳаво дар Хатлон то 13 дараҷа гарму дар ВМКБ то 37 дараҷа сард мешавад

65
Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар ҳавои бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Тибқи иттилоияи расмии обуҳавошиносон, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона 17-22  ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мешавад.

Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  32-37 ва рӯзона 16-21  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд  шамол дар назар буда, ҳаво дар водиҳо шабона -3+2,  рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 13-18 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард хоҳад шуд.

Манбаъ меафзояд, ки ки дар вилояти Хатлон  низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво  шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона  2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард  ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 11-16 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мегардад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа сард  ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

65
Барчаспҳо:
сардӣ, гармо, ҳаво, Тоҷикистон