Ҷаласаи Ҳукумат, акс аз бойгонӣ

Тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати марказӣ ва мақомоти маҳаллӣ

297
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Ҳукумати марказӣ ва мақомоти маҳаллӣ тағйироти кадриро амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Бобозодаро аз мақоми вазири саноат ва технологияҳои нав барканор карда, Заробиддин Файзуллозодаро ба ҷои ӯ таъин намуд. Файзуллозода, ки аз моҳи августи соли 2017 дар мақоми раиси Саридораи геологияи Тоҷикистон фаъолият мекард, дар мақоми наваш имрӯз муаррифӣ гардид. 

Шавкат Бобозодаи 56-сола дар мақоми вазири саноат ва технология аз моҳи ноябри соли 2013 фаъолият кард ва феълан дар мавриди ҷойи нави кораш иттилое нашр нагардидааст.

Файзуллозодаи 54-сола, зодаи ноҳияи Данғара, хатмкардаи институти политехникии Тошканд мебошад, ки аз соли 2006 то 2013 муовини вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон баъдан муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нав, ноиби раиси вилояти Суғд ва сардори Саридораи геология кор кардааст.

Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар раёсати бархе аз шаҳру навоҳии кишвар тағйироти кадриро амалӣ кардааст, ки ҷузъиёти он ба зудӣ дар ин саҳифа нашр хоҳад шуд.  

297
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (53)