Флаг Таджикистана и Узбекистана, архивное фото

Ташрифи соҳибкорони узбак ва раиси вилояти Фарғона барои тақвияти ҳамкорӣ ба Суғд

196
(Таҷдидшуда 10:16 29.01.2019)
Гуруҳи соҳибкорони Узбакистон бо роҳбарии ҳокими вилояти Фарғона Шӯҳрат Ғаниев барои иштирок дар вохӯрии соҳибкорони вилоятҳои Суғду Фарғона ба шаҳри Конибодом омаданд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik.  Мулоқоти соҳибкорони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Узбакистон дар Кохи фароғатии «Шоҳона» - и шаҳри Конибодом баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилоияти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқоти мазкур роҳбарияти ду вилояти Тоҷикистону Узбакистон, соҳибкорон ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни мулоқот аз таҳкими ҳамкориҳои судманди минтақавӣ ёдовар шуд.

Вай изҳор дошт, ки мақомоти вилоятҳои Суғду Фарғона барои рушди ҳамкориҳо аҳамияти ҷидди медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳокими вилояти Фарғона Шӯҳрат Ғаниев замни мулоқот аз дӯстию ҳамкорӣ ва рафоқати мардуми тоҷику узбак ҳарф зад.  

Вай таъкид кард, ки маҳз, иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳоямон буд, ки имрӯз ҳамкориҳо, муҳимтар аз ҳама дӯстиву рафоқати мардум  таҳким меёбад.

Дар вохӯрии мазкур роҳбарони корхонаҳои азими истеҳсолӣ ва соҳибкорони вилоятҳо иштирок намуда, оид ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Баъди иштирок дар вохӯрии доираҳои соҳибкорӣ ҳокими вилояти Фарғона Шӯҳрат Ғаниев ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳамчун рамзи эҳтиром бар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Дар маросими гулчанбаргузорӣ ҳайати меҳмононро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

196
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳммадзода, Суғд, узбак, соҳибкорон, ҳамкорӣ, Узбакистон, Тоҷикистон