Холм Височица над городом Високо

Ба сокинони Душанбе бунёди манзил дар талу теппаҳоро мамнӯъ карданд

591
(Таҷдидшуда 15:42 29.01.2019)
Яке аз даелелҳои манъ кардани манзили истиқоматӣ дар теппаҳо ноустувории замини он мебошад, ки барои бунёди манзил пешбинӣ нагардидааст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар Душанбе бунёди хонаҳои истиқоматиро дар талу теппаҳо мамнӯъ карданд. Дар ин бора раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, пас аз васеъ кардани ҳудуди Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои бо пойтахт ҳамсарҳад қарор карда шуд, ки дар Душанбе бунёди манзил дар талу теппа мамнӯъ шавад.

Яке аз далелҳои манъ кардани бунёди манзили истиқоматӣ дар теппаҳо ноустувории замини он мебошад, ки барои бунёди манзил пешбинӣ нагардидааст.

Дар ин заминҳо боғҳои нав бунёд карда мешаванд.

Аҳмадзода ҳамчунин ёдрас шуд, ки Комитаи меъморӣ ва сохтмон пештар низ ба сохтмони манзил дар талу теппаҳои атрофи Душанбе зид буд.

"Аммо дар 27 соли ахир ин хонаҳо бунёд гардиданд. Ҳоло мақомоти қудратӣ қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани онҳоро тафтиш мекунанд", - таъкид доштааст Аҳмадзода.

591