Абдуҷаббор Раҳмонзода, акс аз бойгонӣ

Ёрдамчии раисиҷумҳур дар Кӯлоб таъминот бо кору истироҳатро баррасӣ кард

149
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мақомдорон ва соҳибкорон вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлобро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, Раҳмонзода хостори таҳияи албоми иншооти бунёдшаванда ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба тартиб даровардани биноҳои кӯчаи протоколӣ шудааст.

Ёрдамчии раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки мақсади асосӣ тозаю озода намудани кӯчаю маҳалла ва деҳаҳо, таъмини ҳаракати бо низоми нақлиёт дар роҳҳо, бунёди иншоотҳои иҷтимоию саноатӣ ва дар ин замина бо кор таъмин кардани сокинону баланд бардоштани сатҳу сифати мардум мебошад.

Раҳмонзода афзудааст, ки барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони Кӯлоб таъмиру азнавсозии 3 боғи фарҳангӣ ва гулгаштҳо дар соли 2019 ба нақша гирифта шуда, корҳо оғоз гардидаанд.

Роҳбарони гурўҳҳои корӣ вазифадор шудаанд, лоиҳаи ангоравии 766 иншооте, ки бояд то соли 2021 ба истифода дода шаванд, пешниҳод кунанд.

Роҳбарони Кӯлоб супориш гирифтаанд, ки барои таъмири хонаҳои баландошёна нақша тартиб дода, тибқи он таъмири хонаҳои баландошёнаро роҳандозӣ намоянд.

Инчунин аз соҳибкорони шаҳр даъват шудааст, ки иншооти баландошёнаро бо талаботи муосир бунёд кунанду дар тармими роҳҳои пиёдагарди шаҳр саҳм гузоранд. Роҳбари бозори “Саховат” барои ба тартиб даровардани намои берунии бозор ва фурӯши маҳсулот вазифадор гардид.

149