Молодые люди на набережной Москвы-реки во время снегопада в Москве, архивное фото

Обуҳавошиносон: имрӯз дар Тоҷикистон борону барф ва то 35 дараҷа сардӣ пешгӯӣ мешавад

196
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борону барф ва дар баландиҳо то 35 дараҷа сардӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борону барф   ва дар баландкуҳҳо то 35 дараҷа сардӣ пешгӯӣ мешавад, хабар додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, боридани барф  дар назар аст. Дар баъзе ҳолатҳо барфи шиддатнок меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11, инчунин то 14-16  ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  20-25, ҳамчунин то 30-35 ва рӯзона 12-17  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   боридани борон дар  назар аст. Дар  минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо борон ва барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе минтақаҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8  ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 3-8  дараҷа сардӣ дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, боридани борони шиддатнок дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат   шабона  ба -1+4 дараҷа расида, рӯзона  2-7 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ борон  меборад.  Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани барф, дар баъзе ҳолатҳо барфи шиддатнок дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 4-9  дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона аз 1-6 то 9-11 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона  ба -4+1 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад.  Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

 

196
Барчаспҳо:
хунукӣ, бод, ҳаво, об, Тоҷикистон