Платный участок дороги дехмой, архивное фото

Вазорати нақлиёт: шоҳроҳи Душанбе - Бохтар ва чанд роҳи дигар пулакӣ мешавад

231
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода мегӯяд, ки роҳҳои пулакӣ назар ба роҳҳои ройгон самараноктар мебошанд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Ҳукумат пешниҳод кардааст, ки чанд шоҳроҳи кишвар, аз ҷумла Душанбе-Бохтар пулакӣ гардад.  Дар ин бора Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёт дар рафти нишасти матбуотӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, то охири соли равон вазорат ин пешниҳодро ба Ҳукумат барои баррасӣ ирсол мекунад.

Вазир ҳамчунин таъкид доштааст, ки ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон Душанбе - Чаноқ аллакай ба буҷаи кишвар фоидаи хуб ворид кард. Ба гуфтаи вай, агар роҳ пулакӣ намебуд, пас  танҳо бо маблағҳои вазорат пайомадҳои тарма ва барфи зиёдро бартараф кардан, ғайриимкон мешуд.

Ёдрас мешавем, бори аввал дар Тоҷикистон шоҳроҳи Душанбе-Чаноқро дар соли 2010 пулакӣ карданд. Ширкати IRS масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар ин роҳро ба ӯҳда дорад.

231