Встреча Временного поверенного с Министром транспорта Таджикистана

Сафир аз вазир хост, ки парвозҳо миёни Тоҷикистону Украина барқарор шаванд

354
Мақомоти Украина тасимим гирифтааст парвозҳои мустақими ҳавопаймоҳояшро бо Тоҷикистон дубора барқарор намояд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik.  Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода бо сафири Укроин дар Тоҷикистон Виктор Семёнов дидору мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорати Укроин.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо ба масъалаи барқарор намудани парвозҳои мустақим миёни Укроин ва Тоҷикистон, ки чанд сол қабл бо сабабҳои гуногун қатъ карда шуда буд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.      

“Дар рафти мулоқот тарафҳо хостори барқарор намудани парвозҳо миёни Тоҷикистону Украина шуданд”, - таъкид намудааст манбъ.

Инчунин, тарафҳо ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиётро баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот тарафҳо ба дурнамо ва роҳҳои ҳамкориҳои мутақобили судманди миёни Тоҷикистону Украина низ табодули назар карданд.

354
Барчаспҳо:
парвозҳои мустақим, парвозҳо, хатсайр, Украина, Тоҷикистон