Автобусы в автопарке, архивное фото

БАТР ба рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бохтар 11 милиион доллар медиҳад

105
Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи созишномаи рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik.   Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) барои рушд нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бохтар наздик ба 11 миллион доллар ҷудо хоҳад кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти парлумони кишвар.

Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳорзода вазири молияи Тоҷикистон, шартномаи мазкур дар моҳи сентябри соли гузашта ба имзо расида буд. Тибқи шаотномаи мазкур барои роҳандозии шартномаи мазкур 10,8 млн. доллар ҷудо карда мешавад, ки 3,2 млн. доллараш маблағҳои грантӣ мебошнад.

Ёдрас мешавем, ки созишномаи қарзӣ ба муҳлати 13 сол ба корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Бохтарнақлиётхизматрасон” пешниҳод карда мешавад.

Тибқи иттилои намояндагии БАТР дар Тоҷикистон, маблағҳои ҷудошуда барои хариджории 40 автобусҳои нав масраф хоҳанд шуд. Инчунин маблағҳои мазкур барои бозсозии истгоҳҳои автобус ва ҷори намудани низоми электронии билетҳо масраф карда мешавад.

105
Барчаспҳо:
БАТР, харидорӣ, автобус, вазири молия, Тоҷикистон