Завод “Талко-Крантас”, архивное фото

Коргоҳҳои саноатии ноҳияи Ғафуров беш аз 1 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

38
Давоми соли 2018 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 корхонаи нав бо фарогирии 200 ҷои корӣ ба истифода дода шуда аз ҷониби ҳамаи корхонаҳои ноҳия, ки 103 адад мебошанд беш аз 1 млрд. сомони маҳсулот истеҳсол шудааст

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Аз ҷониби 103 коргоҳи саноатии фаъоли ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2018 ба маблағи 1 млрд. 146,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2017   95 млн. сомонӣ зиёд аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.

 Дар ин бора раиси ноҳияи мазкур Зариф Назирӣ 30 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ додааст. Ҳамчунин илова кардааст, ки давоми соли 2018 дар ноҳия 10 корхонаи нави саноатӣ бо фарогирии қариб 200  ҷои кор ба истифода дода шуданд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки бахусус фаъолгардии коргоҳи азими муштараки «Хуаксин Ғаюр-Суғд семент» барои ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфтани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то андозае заминаи устувор гузоштааст.

Илова бар ин, чун Ғафуров ноҳияи аграрӣ-саноатӣ ба ҳисоб меравад, давоми соли гузашта аз ҷониби ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар ҳаҷми 1070,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст.

Раиси ноҳия дар мавриди омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар ҳудуди ноҳия бунёд ва таъмиру навсозии даҳҳо иншооти хурду бузурги дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст.

 

38
Барчаспҳо:
корхона, истеҳсол, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон