Бештар аз 1500 доллар: арзиши либоси генералҳои тоҷик маълум шуд

© Sputnik / Искандар Аминов / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие Вооруженных сил Таджикистана, архивное фото
Военнослужащие Вооруженных сил Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агар либоси генерал дар Маскав дӯхта шавад, нархи он наздики 14 ҳазору 266 сомонӣ (1500 доллар)-ро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Бино бар ҳисоботҳои пешакӣ, нархи либоси генералҳои мақомотҳои қудратии Тоҷикистон бо чокҳои тиллоӣ, матоъҳои махсус ва хизматрасонии дӯзандаҳои хориҷӣ метавонад то 3,7 ҳазор доллар арзиш дошта бошад. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба расонаҳо иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи роҳбари яке аз ширкатҳои дӯзандагии Маскав Олег Петров, ӯ шахсан аз генералҳои тоҷик андоза мегирад ва барои дӯхтани як либоси мақомдор  устоҳои ширкат ҳадди ақал бояд то 2 маротиба ба Душанбе сафар кунанд.

Мувофиқи ҳисоботи дӯзандагон, нархи либоси ҳаррӯзаи генералҳо наздики 100 ҳазор рублро ташкил медиҳад ва гоҳо то 250 ҳазор рубл мерасад.

"Генерал, ҳангоми фармоиши либос, хароҷотҳои сафари моро низ дар назар мегирад. Ман ба Душанбе парвоз мекунам ва андоза гирифта бармегардам. Мо дар ширкат омода мекунем ва сипас устоҳо боз ба Душанбе парвоз карда, онро дар тани соҳибонашон чен мекунад. Сипас мо либосро равон мекунем", - афзуд Олег Петров.

Як соҳибкори тоҷик, ки бо дӯхтани либоси низомӣ машғул будааст, гуфтааст, ки либоси низомиён асосан аз ҳисоби буҷаи давлатӣ омода мешавад.

Аммо афсарони баландпоя аз ҳисоби худ дар ширкатҳои дӯзандагии хориҷӣ либос фармоиш медодаанд.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки ба наздикӣ намуди либоси нави милисаи тоҷикро ба раисҷумҳур пешниҳод мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0