Бунёди панҷ майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Зафаробод

Обуна шудан
Дар соли сипаришудаи 2018 дар ноҳияи Зафаробод ду адад майдончаи варзишии замонавӣ ва як адад ҳавзи шиноварӣ сохта ба истифода супорида шуда аст

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Раҷаб Ашӯрзода, раиси ноҳияи Зафаробод зимни нишасти матбуотӣ эълон намудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар ноҳия сохтмони панҷ майдончаи варзишӣ идома дорад.

Открытие гостиницы в Зафарабадском районе - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкоре дар ноҳияи Зафаробод меҳмонхона бунёд кард

Ба гуфтаи вай аз ҷонинби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар соли гузашта 105 мусобиқаи варзишӣ гузаронида шудааст. 

Инчунин, варзишгарони ноҳия дар 58 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, соҳиби 91 медали тилло, 100 медали нуқра ва 216 медали биринҷӣ шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки дар ноҳия ҳоло  17 толори варзишӣ, 45 майдончаи варзишӣ, 1 адад варзишгоҳи калон бо ду ҳазор ҷои нишаст ва 1 адад варзишгоҳи хурд бо 750 ҷои нишаст мавҷуд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0