Боздошти зани 23-сола ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дар Душанбе

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зан, ки сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе будааст, манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, дар он барои занону мардони бегона барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо пул мегирифтааст

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти зани ҷавоне ба гумони ташкили фоҳишахона хабар медиҳад

Бино бар иттилои манбаъ, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 23-солаи сокини ноҳияи Фирдавӣ бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд. 

Номбурда, рӯзи 28-уми январи соли 2019, тахминан соати 20:30-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, зани 25-солаи сокини ш.Душанбе ва марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 27-солаи сокини пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 590-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. 
Нисбати зани номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0