Фируза Хафизова

Видеои рақсу суруд дар зодрӯзи Фирӯза Ҳафизова, суд ва суҳбати муфаттиш аз қонуншиканӣ

4660
Телевизиони давлатии Тоҷикистон навор аз зодрӯзи Фирӯза Ҳафизова, ҳофизи шинохтаи тоҷикро намоиш дода, аз қонуншикании соҳибҷашн хабар додааст

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik.Тибқи гузориши телевизиони Тоҷикистон, бар асоси қонун зодрӯз бояд ихтиёрӣ дар доираи оила бидуни ҷалби санъаткорон ва забҳи чорво таҷлил гардад. Муаллифон бо нашри навори рақсу сурудхонии Фирӯза Ҳафизова ва чанде аз ҳамкасбонаш изҳор доштаанд, ки бо ин амал соҳибҷашн қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро вайрон кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисбати Ҳафизова ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 5 ҳазор сомониро татбиқ кардааст.  

Умедулло Рустамзода, муфаттиши додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ин гузориш, аз аҳамияти қонуни танзими ҷашну маросимҳо дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ суҳбат карда, таъкид намуд, ки он ба мардум сабукиҳои зиёд овардааст. Ӯ таъкид кардааст, ки новобаста аз таблиғот кам нестанд, шаҳрвандоне, ки қонунро вайрон мекунанду ба хароҷоти зиёдатӣ роҳ медиҳанд.

4660