Вывеска на здании Таджикстандарт. Архивное фото

“Тоҷикстандарт”: нушокиҳои спиртии пастсифат бештар дар ВМКБ ошкор шудааст

236
(Таҷдидшуда 14:06 04.02.2019)
Дар соли равон кормандони Ожонсии “Тоҷикстандарт” се ҳазору 138 тон маҳсулоти муҳлаташон гузаштаро ошкор намуданд

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik.  Қудрат Давлатзода, раиси Ожонсии “Тоҷикстандарт” зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки беш аз 1,3 ҳазор тонн маҳсулоти гуштӣ, 5,3 тонн равғани растанӣ, 204,8 тонн маҳсулоти макаронӣ, 70,7 ҳазор литр нушокиҳои спиртӣ ва ғайра ошкор гардид.

Роҳбари “Тоҷикстандарт” хабар дод, ки бештар нушокиҳои спиртии ғайристандартӣ дар ВМКБ ошкор шудааст.

Дар ҳамин ҳол вай таъкид намудааст, ки дар соли равон маҳсулоти ғайристандартӣ нисбат ба соли қаблӣ камтар ошкор шудааст.

Давлатзода таъкид намудааст, ки сабаби камшавии маҳсулоти ғайристандартӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни соҳибкорон будааст.

“Дар оянда ин иқдои идома хоҳад ёфт. Барои мисол 26 тонн маҳсулоти муҳлаташон гузашта бо дархости соҳибкорон аз гардиш гирифта шуд” , - афзуд Давлатзода.

Дар соли равон маблағи ҷаримаҳо барои савдои маҳсулоти пастсифат 1 млн. 521 ҳазор сомониро ташкил додааст.  

236
Барчаспҳо:
ошкоро, маҳсулоти пастсифат, Оҷонсии Тоҷикстандарт, Тоҷикстандарт, Тоҷикистон