Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Шоҳиён дар бораи озодии Зайд Саидов бо тавсияи СММ ва раиси “Умед-88” бо ҷуброни зарар

4281
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди талаби дафтари ҳуқуқи башари СММ барои раҳоии соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов, гуфт, Тоҷикистон давлати мустақил аст

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik.  Шоҳиён зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе дар мавриди талаби дафтари ҳуқуқи башари СММ гуфт, ҳеч розӣ нест, ки давлати мустақил бо тавсияи созмони байналмилалӣ ҷинояткорро раҳо кунад.

“Зайд Саидов якчанд ҷиноят содир карда, бо ҳукмҳои суди олӣ ду маротиба ба муҳлати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шудааст. Шахсе, ки ҷиноят кардааст, ҷинояташ исбот шудааст, ҳукми Суди олии давлати мустақил баромадаст, ҳеч розӣ шуда наметавонам, ки бо тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ озод шавад”, - изҳор дошт Шоҳиён.

Ӯ гуфт, мо Конститутсия ва қонунҳои худро дорем ва гуноҳи Зайд Саидов дар як қатор ҷиноятҳо бебаҳс исбот шудааст.

Дар мавриди иддаои наздикони Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати “Умед – 88”, ки омодаанд дар сурати раҳоии ӯ аз ҳисоби фурӯши амвол зарарро ҷуброн кунанд, Шоҳиён гуфт, расман чунин муроҷиат сурат нагирифтааст.

Шоҳиён афзуд, ки дар мурофиаи додгоҳӣ кирдори ҷинояткоронаи роҳбари “Умед-88” тасдиқ шудаанд, ки ба буҷаи давлат, “Амонатбонк” ва чанд ширкати корхонаҳои дигар зарар расонда шудааст.

Ба гуфтаи раиси Додгоҳи олӣ, ба ӯ низ чунин маълумот расидааст, ки гӯиё ҷониби роҳбарияти “Умед-88” омодаанд, аз ҳисоби амволи ҳабсшуда, аз қабили нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, базаҳои нафтӣ ва ғайра зарарро ҷуброн кунанд.

“Расман чунин пешниҳодҳо нашуданд. Пурра ҳолатҳои корро шарҳ дода наметавонам чун мурофиа махфӣ сурат гирифт”, - изҳор дошт раиси Додгоҳи олӣ.

Ӯ иттилоъ дод, ки феълан алайҳи раиси “Умед -88”  парвандаи дигари марбут ба қарзҳои бонкие ворид шудааст, ки то ҳол баргардонда нашудаанд.

Шоҳиён таъкид кард, ки қонунгузории Тоҷикистон имконият медиҳад ва агар ҳозир ҳам зарарро барқарор кунанд, парванда бозбинию баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ феълан дар масъалаи ба фоидаи давлат баргардондани ҷуброни зарар аз тарафи Додгоҳи олӣ санад таҳия ва ба хадамоти иҷро фиристода шуд.

Раҷабалӣ Одинаев аз моҳи октябри соли 2017 боз дар боздошт аст. Вай ба сабаби напардохтани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки вазорати молия соли 2015 ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, айбдор мешуд.

Ширкати "Умед 88" яке аз бузургтарин таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон маҳсуб мешуд, ки дар бозор бо ширкати "Газпром"-и Русия ва ширкати "Фароз" рақобат мекард.

4281