Ҷаримаҳои шахсоне, ки қонуни танзимро нақз карданд наздик ба 400 ҳазор доллар расид

© © Илья БуяновскийСвадебная церемония в Таджикистане, архивное фото
Свадебная церемония в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон дар соли гузашта барои риоя накардани қонуни Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 648 нафарро ҷарима кардааст

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар соли 2018  нафароне, ки қонуни Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро риоя накарданд ба 383,8 ҳазор доллар ҷарима шуданд, иттилоъ додааст Суди олии Тоҷикистон.

Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пурдабдаба: дар Суғд 75 нафарро барои вайрон кардани қонуни танзим ба ҷавобгарӣ кашиданд

Тибқи маълумоти манбаъ, дар соли 2018 суд беш аз 660 парвандаро баррасӣ намудаааст, ки нисбат ба соли гузашта 133 ҳолат камтар будааст. Соли 2017 қонуншиканон ба 375 ҳазор доллар ҷарима шуда буданд.

Барои нақзи қонуни  Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 648 нафар ба 383,8 ҳазор доллар ҷарима шудааст.

“Ба далели набудани қонуншикании маъмӯрӣ 12 парванда қатъ карда шуд”, - таъкид намуд манбаъ зимни нишасти матбуотӣ.

Ёдрас мешавем, ки қонуни  Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар соли 2017 қабул шуда буд. Новобаста аз ҷаримаҳои зиёд то ҳол шаҳрвандоне пайдо мешаванд, ки қонуни танзимро нақз мекунанд. 

 

Лентаи хабарҳо
0