Сергей Лавров

Сафари Раҳмон ба Русия ва дархости Лавров дар мавриди муҳоҷирон аз Тоҷикистон - видео

2947
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои русиягияш Сергей Лавров дар пайи мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтушунид дар Вазорати умури хориҷӣ ба расонаҳо гузориш доданд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, зимни мулоқот аз ҷумла омодагиҳо ба сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия баррасӣ гардиданд. Ӯ санаи дақиқи ин сафарро нагуфт, аммо аз санадҳое суҳбат кард, ки бояд аз ҷониби роҳбарони Русия ва Тоҷикистон имзо гарданд.

Вазири тоҷик гуфт, дар гуфтушунидҳо бо Лавров аз ҷумла танзими раванди муҳоҷирату осонсозии ҳузури қонунии тоҷикистониён дар Русия баррасӣ гардид.  Вай афзуд, феълан дар ин бахш лоиҳаи созишномаҳо дар ҳоли таҳия қарор доранд, ки интизор меравад аз ҷониби роҳбарони ду кишвар имзо гарданд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, мо талоши зиёд барои беҳбуди шароити тоҷикистониён дар Русияро равона карда истодаем ва аз ҷониби Тоҷикистон тезондани таҳияи созишномаҳоро дархост кардем.

“Барои тоҷикистониён сабукиҳои зиёде пешниҳод шудаанд, барои самаранокии бештари корҳо ва барои он ки мардум худро беҳтар муҳофизатшуда эҳсос кунанд, аз ҷониби Тоҷикистон дархост кардем, ки таҳиясозии лоиҳаи созишномаҳоро дар ин бахш вусъат бахшанд”, - изҳор дошт Лавров.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия лоиҳаи созишномаҳои  мазкур масоили муҳоҷирати меҳнатии муташаккилона, дар бораи "реадмисия", таъминоти нафақавӣ ва мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои бахши муҳоҷират дар қаламрави тарафайнро фаро мегиранд.

Ӯ ҳамчунин аз ҳамкориҳо дар бахши маориф, энергетика, тиҷорат, ҳарбӣ ва амният суҳбат кард.

 

2947
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири корҳои хориҷаи Эрон

Коронавирус гунаҳгор: дар соли гузашта тиҷорати Тоҷикистону Эрон 10,3 дарсад коҳиш ёфт

20
(Таҷдидшуда 14:58 04.03.2021)
Сафири Тоҷикистон дар теҳрон бо муовини вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон,  Низомиддин Зоҳидӣ ва Саид Расули Муҳоҷир дар ин дидор дар бораи сатҳи кунунӣ ва дурнамоии густариши муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон баҳс ва табодули назар карданд.

Ду тараф бо арзёбии вазъи феълии равобити Тоҷикистон ва Эрон мавзӯи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, энержӣ ва низ равобити илмӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Зоҳидӣ ва Муҳоҷир ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва роҳҳои густариши равобити дуҷониба гуфтугӯ карданд. 

Аз гузашта то имрӯз: муваффақиятҳову дастовардҳои Эрон – видео

Гуфта мешавад, ки дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Эрон 57 миллиону 700 ҳазор доллар будааст, ки дар муқоиса бо соли 2019 коҳиши 10,3 дарсадиро нишон медиҳад.

20
Барчаспҳо:
сафир, гуфтугӯ, равобит, ҳамкорӣ, Тоҷикистон, Эрон
Медицинский сотрудник набирает в шприц российский препарат Спутник V

Муовини вазир: ваксинаи чиниро гурӯҳи корӣ меомӯзад

24
Бештар аз 80 дар сади сокинони Тоҷикистон хостори гирифтани ваксинаи коронавирус шудаанд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Гурӯҳи корӣ дар Тоҷикистон ваксинаи чиниро меомӯзад, хабар медиҳанд расонаҳои Тоҷикистон дар истинод ба муовини вазири тандурустӣ Самариддин Ализода.

Бино бар иттилои манобеъ, дар назар аст, ки ба Тоҷикистон ваксинаи бритониёӣ "АстраЗеника" ворид шавад, дар мавриди ваксини чинӣ бошад, тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.

"Дар навбати аввал ворид кардани ваксинаи Британияи Кабир "АстраЗеника" дар назар  аст ва мувофиқи нақша, моҳҳои март-апрел ин ваксина ворид карда мешавад. Ворид кардани ваксинаи Чинро гурӯҳи корӣ меомӯзад ва тасмими ниҳоӣ мегирад", - омадааст дар гузориш.

Ёдрас мешавем, дар ҳамин ҳол, вазири тандурустии Тоҷикистон ваксини сохти русии "Спутник V"-ро низ гуфта буд, дар мавриди омӯзиши кошиносони кишвар қарор дорад ва сипас маълум мешавад, ки оё Тоҷикистон аз Русия ваксин мехарад ё хайр.

Ба иттилои Ализода, 80 дар сади аҳолии Тоҷикисто изҳори омодагӣ ба эмшавӣ зидди коронавирус кардаанд.

"Мо аз аҳолии ҷумҳурӣ пурсидем, ки хоҳиши эм кардан доранд  ё не ва натиҷаи пурсишамон маълум кард, ки 81%-и сокинони Тоҷикистон эм кардан мехоҳанд", - таъйид кардааст вай.

Ба қавли вазир барои ворид кардани ваксинаи бритониёӣ тамоми ҳуҷҷатгузориҳо омода ва пешниҳод шудаанд. Рӯзҳои наздик зиёда аз 192 ҳазор ваксинаи "АстраЗеника" ворид карда мешавад. 

Дар навбати аввал 20 фоизи аҳолӣ ин ваксинаро мегиранд.

Ваксинаи сеюми Русия "КовиВак" сабти ном шуд

Дар ибтидо тамоми кормандони  соҳаи тандурустӣ, сар карда аз кормандони хурди тиб то сартабибон ва кормандони хоҷагидорӣ, баъдан шахсони синнашон аз 60 боло ва гурӯҳи одамони осебпазир, ки бемориҳои ҳамрадиф доранд, яъне, шахсони гирифтори бемориҳои қанд, гепатит, ки аз 20 то 49-сола мебошанд, эм карда мешаванд.

Эмкунӣ ихтиёрӣ ва ройгон аст ва дар тамоми  марказҳои саломатӣ аллакай яхдонҳо барои нигоҳдории ваксина ва утоқҳои  махсус барои эмкунӣ ташкил шудаанд.

24