Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров: созишномаи нафақа барои муҳоҷирони тоҷик рӯи миз аст

623
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия таъкид намудааст, ки кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ бояд то омаданашон ба Русия бурда шавад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, имкони пардохти нафақа барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро шарҳ дод.

Инчунин вай таъкид намуд, ки бояд бо муҳоҷирони меҳнатӣ то омаданашон ба Русия кор бурда шавад.

“Барои ки онҳо бо роҳҳои ғайриқонуниву номаълум ба Русия ворид нагарданд, онҳо бояд донанд, ки корфармо кист, кор онҳо қонунист, шиносномаҳои онҳоро намегиранд ва музди кори онҳоро дар лифофа намедиҳанду сари вақт ба таври расмӣ пардохт мекунанд”, - таъкид намудааст Лавров.

Барои ҳамин Русия ба ҳамкорони тоҷики худ барои кафолати ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ шартҳои иловагӣ пешниҳод намудааст.

“Аз ҷумла мо бояд созишнома дар бораи нафақаро ба имзо расонем. Созишномаи нафақа барои муҳоҷирони меҳнатӣ алакай рӯи миз аст ва мо имрӯз зимни мулоқот таъкид кардем, ки санади мазкур ҳарчи зудтар ба имзо расад”, - қайд намуд Лавров.

Ҳамчунин вай гуфт, ки ду кишвар бояд тавофуқнома барои пазириши созмонёфтаи муҳоҷирон ва реадмиссия ё бозпасфиристони онҳо имзо кунанд.

“Инчунин бояд созишнома барои пазириши созмонёфтаи муҳоҷирон то воридшудани онҳо ба қаламрави Русия ба имзо расад. Қарордоди реадмиссия ё пардохти маблағи интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик ба ватанашонро низ бояд ба имзо расонем. Аз ин набояд тарсид. Ҳамчунин мо бояд мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои хадамотҳои муҳоҷират, ки дар Русияву Тоҷикистон фаъолият мекунанд муайян намоем ва онҳо бояд шакли қонунӣ гирад”, - илова кард Лавров.

Вазир бори дигар таъкид намуд, ки санадҳое, ки муҳоҷирати меҳнатиро аз ҳолати ғайриқонунӣ ба ҳолати комилан қонуниву шаффоф мебарорад, алакай рӯи миз буда барои имзо омода аст. Қарор аст, имзои ин санадҳо ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия содатару хубтар намояд.

623
Барчаспҳо:
муҳоҷирони корӣ, муҳоҷирони тоҷик, нафақа, имзо, созишнома, муҳоҷират, Сергей Лавров, Тоҷикистон