Инвалид, архивное фото

Дар Тоҷикистон шумораи нафақагирони маъюбӣ кам шуд

92
(Таҷдидшуда 15:19 05.02.2019)
Дар соли 2018 беш аз 17 ҳазор нафар дар Тоҷикистон натавонистанд исбот намоянд, ки маъюб ҳастанду, сазовори нафақаи маъюбӣ мебошанд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 17,7 ҳазор нафар аз гирифтани нафақаи маъюбӣ, маҳрум шуданд, иттилоъ додааст зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Ожонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов.

Ба гуфтаи вай, ашхосе, ки пештар нафақаи маъбӣ мегирифтанд, натавонистанд дубора маъюбии худро исбот намоянд.

“Ин бештар шахсоне буданд, ки кор мекарданд ва ҳамзамон нафақаи маъюбӣ мегирифтанд. Маъюбии инсонро комиссия махсус муайян намуда, баъд аз хулосаи онҳо ба шаҳрванд нафақа муайян карда мешавад”, - таъкид намудааст вай.

Дар ҳамин ҳол Наҷмуддинов қайд намуд, ки дар ҳоли ҳозир 4,6 ҳазор нафар барои муайян намудани маъюбиашон дубора аз ташхис мегузаранд. Дар маҷмӯъ дар соли 2018 шумораи шаҳрвандоне, ки ба онҳо нафақаи маъюбӣ  дода мешавад 145 ҳазору 896 нафарро ташкил медодааст.

Ёдрас мешавем, ки дар соли 2017 дар Тоҷикистон ба 3,5 ҳазор нафар пардохти нафақаи маъюбӣ қатъ карда шуд. Дар ҳамон давра ба нафақагирон пешниҳод карда шуд, ки дубора аз  ташхис гузаранд.        

92
Барчаспҳо:
камшавӣ, нафақахурон, ҳаҷми нафақа, нафақаи маъюбон, нафақа, Тоҷикистон