Туман в Душанбе, архивное фото

Ҳавои сард, барф ва фаромадани меғ: обуҳавошиносон аз сафарҳои бемаврид ҳушдор медиҳанд

445
(Таҷдидшуда 10:17 06.02.2019)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои сарду тағйирёбанда дар назар аст. Обуҳавошиносон аз сокинон хоҳиш намуданд, ки аз сафари бемаврид ба ноҳияҳои дурдаст худдорӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Ҳаво шабона 0-2 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 2-7 дараҷа  сард мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва  рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  18-23 ва рӯзона 8-13  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо  боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Дар доманакӯҳҳо рӯзона ҳавои бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳарорат  дар водиҳо шабона ба -2+3 дараҷа расида, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10  ва рӯзона 0-5  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 2-7 дараҷа сард шуда, ҳарорат   рӯзона ба -3+2 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон аз шаҳрвандон хоҳиш намуданд, ки аз сафарҳои бемаврид ба ноҳияҳои дурдаст худдорӣ намоянд.

445
Барчаспҳо:
Душанбе, душанбе, меғ мефарояд, барф, сардӣ, Ожонси обуҳавошиносӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

471
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

471
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон
Амнистия заключенных в Согдийской области

Эълони авф дар Тоҷикистон: Раҳмон чанд маҳбусро бахшид?

2735
(Таҷдидшуда 20:40 30.10.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пас аз маросими савгандёдкунӣ авф эълон карда, беш аз 300 нафарро аз зиндон озод кард

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунӣ авф эълон карда, 378 маҳбусро бахшид.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, тасмими авфи зиндониён имрӯз бо фармони Президенти кишвар сурат гирифтааст.

Озодӣ бе порадиҳӣ: таъкиди Президент ба пешгирии фасод ҳангоми афв

Гуфта мешавад,  фармони раисиҷумҳур "Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд" дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон сурат гирифта, бар асоси он 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.

Ёдрас мешавем, ки бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2019 қонуни авфро имзо карда буд.

Он замон 20 ҳазор зиндонӣ бахшида шуда буданд.

2735
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Эмомалӣ Раҳмон, авф, Тоҷикистон