Молодая узбекская мама с ребёнком, архивное фото

Баргузории фестивали “Суруди модар-Алла” дар Тоҷикистон

175
(Таҷдидшуда 10:48 06.02.2019)
Соли равон дар Тоҷикистонт фестивали “Суруди модар-Алла” ва озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik.  Бо мақсади таҷлили Рӯзи Модарон, ки ҳамасола дар тамоми олам санаи 8 март таҷлил карда мешавад, бо фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барномаи чорабиниҳои мукаммал ба тасвиб расидааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш силсила чорабиниҳли маърифатию фарҳангӣ, адабию омӯзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ миёни ҷавондухтарон, собиқадорони соҳа, варзишгарзанон ва модарони рӯзгордида баргузор хоҳад шуд.

Дар доираи барномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар моҳи марти соли равон фестивали ҷумҳуриявии “Суруди модар – Алла” баргузор хоҳад шуд.

Инчунин қарор аст, мизи мудаввар  таҳти унвони “Нақши занону модарон  дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ”, баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманди сол”, чорабинии тантанавӣ бо иштироки занони баруманди ҷумҳурӣ таҳти унвони “Сад ҷону дил фидои як мудаои модар” баргузор гардад.

Ҳамчунин барои занон баргузории семинарҳои  омӯзишӣ бо иштироки  ҷавондухтарони соҳибкор, аксияҳои тарғиботӣ ташвиқотӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва суҳбату мулоқотҳои судманд дар назар дошта шудааст.

175
Барчаспҳо:
чорабинӣ, Душанбе, душанбе, таҷлили Рӯзи Модар, Рӯзи модар, фестивал, Тоҷикистон
Лампочка, архивное фото

Лимити барқ дар Тоҷикистон: Раҳмон аз Вазорати энергетика чӣ талаб кард

82
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бастагӣ бо лимити барқ дар кишвар ба Вазорати энергетика чанд дастур дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, ки талафоти барқ кам карда шавад.

Роҳбари давлат ёдрас шуд, ки ҳукумати кишвар ба расидан ба истиқлолияти энергетикӣ то ҳол кӯшиш мекунад.

Барои амалӣ шудани ин ҳадаф кишвар нақша дорад ояндаи наздик чанд нерӯгоҳ ифтитоҳ шавад.

Бо вуҷуди ин,-изҳор дошт президент,-дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ ҳанӯз як силсила масъалаҳои муҳими ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад.

Вай таъкид кард, ки Вазорати энергетика вазифадор мешаванд, ки барқи истеҳсолшавандаро ҳисоб карда, талафоти онро кам кунанд.

Ба гуфтиа президент, имсол сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" то зеристгоҳи конвертории "Сангтӯда шурӯъ гардида, Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид ва бо иқтидори 270 мегаватт- яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд ба истифода супорида шуд.

Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд

"Ккорҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд", - таъкид дошт раисҷумҳур.

 

82
Барчаспҳо:
Вазорати энергетика ва захираҳои об, лимит, барқ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во Дворце культуры в Матчинском районе

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳоҷират: мо имкон дорем, ки мардумро пурра бо кор таъмин намоем

1152
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имкони бо кор фаро гирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, соли 2020 бо сабаби пандемияи "вируси корона" 80% - и муҳоҷирини меҳнатӣ натавонистанд ба берун раванд.

"Аз 460 ҳазор нафаре, ки ҳамасола берун мерафтанд, фақат 111 ҳазор рафтаанд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, шароити корӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро пурра бо кор таъмин намоем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи аъзои парлумон эълон кард, соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 6,5 ҳазор ҷои кории нав ба вуҷуд омадааст.

Вай афзуд, 157 муассисаи таҳсили умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва 1,2 млн мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

“Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кории доимиву мавсимӣ ташкил шуда, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд шудааст”, - гуфт президент.

Вай афзуд, пасандозҳои сокинони Тоҷикистон 17, 2 фисад зиёд шуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши эътимоди онҳо ба ташкилотҳои карзӣ аст.

1152
Барчаспҳо:
пешниҳод, Эмомалӣ Раҳмон, муҳоҷират, Тоҷикистон