Уборка хлопчатника, архивное фото

Содироти масолеҳи кишоварзии Тоҷикистон ба Русия 85,4 дарсад афзойиш ёфт

54
Дар маҷмуъ 15,1 дарсади ҳаҷми колоҳои содиротии Тоҷикистон ба Русияро пахта ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Соли гузашта ҳаҷми содироти масолеҳи кишоварзии Тоҷикистон ба Русия бо дар муқоиса ба соли 2017,  85,4 дарсад ва дар муодили арзӣ 34,3 дарсад афзоиш ёфт, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Дар Тоҷикистон, ин дастовард натиҷаи умури муштараки кишоварзии ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон  ва намояндагии бозаргонии Русия дар Тоҷикистон мебошад.

Маводди аслии содиротии Тоҷикистон ба Русия пахта мебошад. 15,1 дарсади ҳаҷми кулли колоҳои содиротии Тоҷикистон ба Русия панба аст. Ҳамчунин, соли 2018 содироти саноеъи кимиёии кишвар низ боло рафт.

Соли гузашта намояндагии бозаргонии ду кишвар ҳамкории фаъол анҷом доданд, афзун бар ин, беш аз 50 ширкати Русия ба Тоҷикистон омад, ки дар натиҷа содироти колоҳои Тоҷикистон ба Русия боло рафт.

54
Барчаспҳо:
кишоварзӣ, содирот, Русия, Тоҷикистон