Доллары США

Ҳуқуқшиноси "Агроинивестбонк" ҳангоми гирифтани 1500 доллар "пора" дастгир шуд

732
Сӯҳроб Раҳимов, ҳуқуқшиноси "Агроинивестбонк" аз як муштарии бонк барои аз гарави бонк озод намудани 3 манзил 2500 доллар талаб карда, ҳангоми гирифтани 1500 доллар дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз "ришвагирии корманди "Агроинивестбонк" хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, моҳи ноябри соли гузашта як сокини Тоҷикистон ба ожонс аз Сӯҳроб Раҳимов, ҳуқуқшиноси "Агроинивестбонк" шикоят бурдааст, ки ришва талаб кардааст.

"Зеро номбурда барои аз гарави бонк озод намудани манзилҳои истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаҳои Чортут - 61, Ҳилолӣ - 44 ва Хлопзаводская  - 95, аз ӯ пора ба маблағи  маблағи 2500 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 1000 доллари ИМА-ро пешакӣ гирифта, боқимонда 1500 доллари ИМА-ро талаб намуда истодааст", - тавзеҳ медиҳад ожонс.

Кормандони ожонси мубориза бо фасод Сӯҳроб Раҳимовро ҳангоми гирифтани 1500 доллари боқимонда (14 ҳазор сомонӣ) дастгир кардаанд.

Нисбати Раҳимов С.С. бо моддаи 279 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

732