Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкДорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 25-30 ва рӯзона 11-16 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба -4+1 дараҷа расида, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 7-2 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -1+4 дараҷа мерасад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 7-12, инчунин то 15-17 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 0-2 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0