Последствия селевого потока

Марги 12 нафар бар асари офатҳои табиӣ

183
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар як сол марги 12 нафарро бар асари офатҳои табиӣ ба қайд гирифтааст

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ дар соли гузашта 12 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Рустам Назарзода, роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ , панҷ нафар бар асари резиши санг, чаҳор нафар ба сабаби ва ду нафари дигар бар асари зарбаи раъду барқ ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи қарори ҳукумат Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои фавқулодда ба оилаҳои фавтидагон кумаки якдаъфаина ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ расонида шуд.

Инчунин Назарзода таъкид намуд, ки бар асари иҷро накардани талаботҳои бехатарӣ ҳангоми мавсимӣ оббозӣ дар давраи мазкур дар дарёҳо ва кулҳои ҷумҳурӣ 140 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар соли 2017 шумораи нафароне, ки дар дарё ва кулҳои ҷумҳурӣ фавтидан 170 нафарро ташкил медод.

Миёни фавтидагон 27 нафараш кудакони ноболиғи синни 10 сола, 23 нафараш сини 17 сола, 48 нафараш сини 35 сола ва 37 нафараш сини 35 соларо ташкил медиҳанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар моҳи январи соли равон дар кишвар 125 ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 8 нафар ҷони худро аз додаанд. Инчунин, дар ҳоли ҳозир як нафари дигар бе ному нишон шудааст ва ҷустуҷӯи вай идома дорад.

183
Барчаспҳо:
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, фавт, марг, Ситоди ҳолатҳои фавқуллода, Тоҷикистон