Болғаи додгоҳ, акс аз бойгонӣ

Баррасии 142 ҳазор парванда дар додгоҳҳои Тоҷикистон

54
Додгоҳи олӣ, додгоҳҳои вилоятӣ ва поёнӣ соли гузашта 142 ҳазору 859 парвандаро баррасӣ кардаанд, ки нисбати соли 2017, 5 ҳазору 874 адад камтар мебошад

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Додгоҳи олии Тоҷикистон, аз шумораи парвандаҳои баррасигардида 15 ҳазору 139 ададро парвандаҳои гражданӣ, 41158 ададро парвандаҳои оилавӣ, 10645 ададро парвандаҳои  ҷиноятӣ, 50576 ададро парвандаҳои маъмурӣ ва 16528 ададро дархосту пешниҳодҳои сохтору мақомотҳои дахлдор ташкил медиҳанд.

Манбаъ афзуд, парвандаҳои маъмурӣ барои нақзи  қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 15 ҳазору 263 ададро ташкил доданд.

“Аз 13 ҳазору 508 парванда нисбати 13518 нафар қарор қабул карда шуда, пешбурди 197 парванда қатъ гардид. Барои барасмиятдарории нав 1508 адад ва аз рӯи тобеияти идоравӣ 50 парвандаҳо ирсол карда шуданд. Дар маҷмӯъ нисбати 4975 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 8543 нафар ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи умумии 1 миллиону 174 ҳазору 45 сомонӣ таъин карда шуд”, - иттилоъ додааст Додгоҳи олӣ.

Манбаъ афзуд, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судҳо 17 ҳазору 960 таъиноти хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол намуданд.

54