Город Душанбе, архивное фото

Душанбе соҳиби нишон ва Фонди рушд мегардад

243
(Таҷдидшуда 19:55 08.02.2019)
Ба Қонун “Дар бораи мақоми пойтахти” моддаи 71 илова карда мешавад, ки тибқи он минбаъд пойтахт дорои нишон ва фонди рушд мегардад

ДУШАНБЕ, 8 фев. — Sputnik. Душанбе соҳиби Нишон ва Фонди рушди пойтахт мегардад, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Вобаста ба ин узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Мавзуна Шамсиддинзода шарҳ додааст, ки “Лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонун “Дар бораи мақоми пойтахти” бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурии пешниҳод гардид”.

Ба гуфтаи мавсуф,  лоиҳаи Қонуни мазкур баҳри омода намудани нишони шаҳри Душанбе, ҳавасмандкунӣ ва додани мукофотҳо ба шаҳрвандоне, ки уҳдадориҳои вазифавиро бо муваффақият иҷро намуда, пурсамару софдилона меҳнат мекунанд ва дар рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахти Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд, таҳия гардидааст.

“Бо ин мақсад ба Қонун моддаи 71 илова карда мешавад, ки тибқи он минбаъд пойтахт дорои нишон (эмблема) гардида, нишон ва низомномаи онро Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ менамояд”, — илова намудааст номбурда.

Вакили мардумӣ дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки тибқи тағйироти пешниҳодгардида Фонди рушди пойтахт таъсис дода мешавад.

“Ташкили фондҳои дахлдор, ҳавасмандкунӣ, додани мукофотҳо, муқаррар намудани номи мукофотҳо, бо унвони “Сокини фахрии пойтахт”, медалҳои ҷашнӣ ва дигар медалҳо, инчунин бо ҷоизаҳои раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонидан низ дар лоиҳа муқаррар шудааст”, — хулоса намуд  Мавзуна Шамсидинзода.

Бояд зикр намуд, ки  Қонун “Дар бораи мақоми пойтахти кишвар” ҳанӯз соли 1996 қабул гардида, қариб 22 сол мавриди такмили ҷиддӣ қарор нагирифта буд. Яъне табиист, ки  муқаррароти  ин қонун ба талаботи шаҳрдории имрӯза ҷавобгӯ набуд ва ба мукаммалгардонӣ ниёз дошт.

Соли 2018 дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон  даъвати панҷум, лоиҳаи Қонуни “Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон» дар таҳрири нав баррасӣ ва қабул гардид.

Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии пойтахтро муқаррар намуда, хусусиятҳои идоракунӣ ва шартҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти онро муайян мекунад.

243
Барчаспҳо:
бунёд, нишон, душанбе, Тоҷикистон