Акция УГАИ МВД РТ в рамках 1 этапа конкурса Лучший пешеход 3 сентября 2015 года

Диққат: БДА даҳ рӯз рейди "Пиёдагард" баргузор мекунад

181
Аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват карда мешавад, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз баргузории амалиёти "Пиёдагард" дар Тоҷикистон хабар медиҳад

Бино бар иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории ин амалиёт баланд бардоштани интизоми пиёдагардон ва коҳиш додани сатҳи садама мебошад.

"Пиёдагард" дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз 10 то 20-уми феврал баргузор мешавад.

Аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват карда мешавад, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд.

"Шаҳрвандони азиз! Талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоед. Ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоред", - менависад Раёсати БДА ВУД Тоҷикистон.

181