Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Аз Душанбе то Бохтар: Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмони роҳу нақлиёт ошно шуд

303
(Таҷдидшуда 11:05 11.02.2019)
Нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонию навсозии иншооти роҳу нақлиёт ва кишоварзию соҳилмустаҳкамкунӣ шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ошно шуд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои сохтмонию навсозии иншооти роҳу нақлиёт ва кишоварзию соҳилмустаҳкамкунӣ шинос шуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Ховар" дар истинод ба дафтари матбуоти ҳукумати Тоҷикистон.

Нахуст Қоҳир Расулзода аз раванди корҳои сохтмонии эстакада дар майдони Абўали Ибни Сонои шаҳри Душанбе дидан кард.

Эстакаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода сарҳади Узбакистон” сохта шуда, муҳлати корҳои созандӣ ду сол муайян шудааст.

Сипас ӯ бо ҷараёни татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмону навсозии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар шинос шуд. 

Ёдрас мешавем, ки татбиқи лоиҳаи марҳилаи аввали  корҳои сохтмону навсозӣ дар ин шоҳроҳи байналмиллалӣ 3 сол муайян шуда, он бояд то моҳи октябри соли 2020-ум мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ анҷом дода шавад.

Бояд қайд кард, ки марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар” 33,2 километрро фаро  гирифта, баъди татбиқи лоиҳа, роҳ аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Фармоишгари иншоот Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, машваратчии байналмилалӣ Ширкати машваратии “КОКС”-и Германия, машваратчии маҳаллӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Автострада” ва пудратчӣ Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳо “Синдзян Бейсин” мебошад.

Ҳамчунин Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонию навсозии марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмону навсозии  роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар шинос шуд.

Марҳилаи дуюми сохтмони ин шоҳроҳ 39, 6 километро дар бар гирифта, мувофиқи лоиҳа дар ин қитъа як пул, 46 адад қубури обгузар, мавзеи чорвогузар,  18 адад истгоҳ ва 3 адад гузаргоҳ сохта шуда, роҳ ба категорияи якуми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Айни замон дар ин қитъа корҳои омодасозии роҳ идома дошта, мувофиқи нақша он бояд соли 2021 мавриди истифода қарор дода шавад.

Инчунин, сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо  корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, тадбирҳои  соҳилмустаҳкамкунӣ ва кишоварзӣ дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Хуросону Кӯшониён, Дўстӣ ва Ҷайҳун шинос шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо ҷалби сокинон идома дорад.

Бояд гуфт, ки хавфи обхезӣ дар ин минтақаҳо хеле зиёд аст ва ҳамасола бо сабаби баланд гардидани сатҳи оби дарё аҳолӣ ва иншоот дар ин минтақаҳо зарари зиёд мебинанд.

Аллакай маҷрои об ба манзилҳои истиқоматии сокинон наздик шудааст, ки хатари хеле зи  ёд дорад.

Вобаста ба ин Сарвазири мамлакат аз масъулон талаб намуд, ки дар ин самт ҳарчи зудтар тадбирандешӣ карда, ҷиҳати ҷалби сармоя ва амалӣ сохтани лоиҳаҳо чора бинанд, зеро тадбирҳое, ки айни замон ҷиҳати пешгирии хавфи обхезӣ амалӣ гардонида шуда истодаанд, наметавонанд пурра дигаргуншавии  маҷрои оби дарёро пешгирӣ намоянд.

Инчунин зимни сафар ба ноҳияи Бохтар сарвазир аз масъулони вилояти Хатлон талаб намуд, ки барои хоҷагидорону кишоварзон ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳа ва барои содироти бештари маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ имконияти созгор фароҳам оваранд ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконотро самаранок истифода намоянд.

303
Барчаспҳо:
роҳ, сохтмон, иншоот, Бохтар, душанбе, дидор, Қоҳир Расулзода, сарвазир, Тоҷикистон