Дар Суғд машғулияти иловагии “Барномаи ислоҳоти милитсия” баргузор намуданд

© Пресс служба МВД РТСобрание в МВД Таджикистана по итогам годовой деятельности
Собрание в МВД Таджикистана по итогам годовой деятельности - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо мақсади такмил додани омодагии ҳайати шахсӣ ба ислоҳоти милитсия гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ ҷиҳати омӯзиши Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия ба роҳ монда мешаванд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Барои давра ба давра беҳтар намудани фаъолияти милитсия, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи муосир машғулиятҳо баргузор мегарданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Сотрудники МВД Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати умури дохила
Зимни машғулият оид ба муқаррароти дар Стратегия ва Барнома дарҷ гардида, самтҳои асосии ислоҳот ва раванди амалишавии он маълумот дода, гуфта шуд, ки ибтикороти мазкур барои давра ба давра беҳтар намудани фаъолияти милитсия, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи муосир нигаронида шудааст.

Гузаронидани машғулияти мукаммали иловагӣ ҳамчун қутбнамои расидан ба ислоҳоти милитсияро ба кормандон фаҳмонидан аст.

Роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо мақсади такмил додани омодагии ҳайати шахсӣ ба ислоҳоти милитсия гузаронидани машғулиятҳои иловагиро ҷиҳати омӯзиши Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия муҳим меҳисобад. Зеро барои ҳар як корманд огоҳ будан аз муқаррароти санадҳои мазкур ба он боис мешавад, ки барои фаъолияти минбаъда дар сафи мақомот омодагӣ бинад.

Лентаи хабарҳо
0