Расонаҳои мустақил бошанд ё не? Аз суҳбати вазир то ташвишҳо дар дастгоҳи раисиҷумҳур

© Sputnik / © SputnikГазеты, архивное фото
Газеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомот ва коршиносон ба ин боваранд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бояд барои аз миён нарафтани расонаҳои мустақил чораҳоеро рӯи даст гирад

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ин баҳс аз ҳаққи қалам шурӯъ шуд. Хабарнигоре ҳангоми нишасти матбуотии нақшавӣ аз Шамсуддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон чунин суол кард: “Чаро нашрияҳои тобеи ин ниҳод ҳаққи қалам намедиҳанд?”

Эмомали Рахмон принял участие в открытии нового дополнительного здания телевидения и радио Согда - Sputnik Тоҷикистон
ВИДЕОИ суҳбати ошкорои Раҳмон: аз таърифу сарояндаҳои зиёд то барномаҳо атрофи 1 шахс

Вазир аз ташаккули “тафаккури бозаргонӣ” шурӯъ кард ва гуфт: “Мо ҳам таҳлил мекунем ва таассуф мехӯрем, ки аксари рӯзномаҳои мо 600 то 1000 нусха обуна доранд. Давлат як қисм маблағро барои бақои онҳо ҷудо мекунад. Аммо ҳаққи қаламро ба муаллифон бояд худи нашрияҳо фароҳам созанд”.

Вазири фарҳанг аз нашрияҳои муваффақ, аз ҷумла “Минбари халқ”, нашрияи Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон ва “Ҷумҳурият”, нашрияи Ҳукумати Тоҷикистон ёд овард, ки худкифо ҳастанд ва ҳаққи қалами муаллифонашро пардохт мекунанд.

Вай дигарбора “низоми иқтисоди бозорӣ” – ро зикр кард.

“Мо садҳо офарин мегӯем ба ҳамон нашрияҳои хусусӣ, ки маошу ҳаққи қалами кормандонро фароҳам месозанд. Онҳо бояд теъдоди обунаашонро зиёд ва сарчашмаҳои изофии даромадро пайдо кунанд. Аз тафаккури дастнигарӣ бояд даст кашид ва буҷаро бояд ғанӣ кард”,-илова намуд ӯ.

Государственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парчами Тоҷикистон: намоди озодӣ, оромӣ ва ободӣ

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳамчун ниҳоди масъули матбуоти даврӣ, 7 нашрияву маҷалла, аз қабили “Баҳори Аҷам”, “Анбоз, “Истиқбол”, "Чашма” ва ғайра дорад, ки аз буҷа таъмини молӣ мешаванд.

Бо он ки пас аз ин баррасиҳои вазир суолҳо дар дигар хусус буданд, дар идомаи нишаст сухан боз сари нашрияҳо омад, аммо ин дафъа нашрияҳои мустақил, ки воқеан, дар вазъи ногувор қарор доранд.

Шурӯъ аз соли ҷорӣ яке аз нашрияҳои маъруфи Тоҷикистон – “Озодагон” пас аз 12 сол фаъолияташро қатъ кард. Иршод Сулаймонӣ, сардабири он ба расонаҳо гуфт, ки сабаб мушкилоти молиявии нашрия буд.

Суоли навбатӣ аз вазири фарҳанг ин буд: “Оё ҳукумат ин заруратро мебинад, ки барои нашрияҳои мустақил имтиёзу сабукиҳо диҳад, ё ҳамин тавр, софу содда онҳоро ба коми “аждаҳои иқтисоди бозорӣ” хоҳад супурд?”

Коршиноси масоили ҳуқуқӣ ва сиёсӣ Шокирҷон Ҳакимов - Sputnik Тоҷикистон
Шокирҷон Ҳакимов: ақидаи Худойбердӣ Холиқназарро дар бораи озодии баён қабул надорам

Шамсиддин Орумбекзода бори дигар аз иқтисоди бозаргонӣ ёдовар шуд ва гуфт, бино ба қонуни талабот ва пешниҳоди ин бозор, он чӣ талабот дорад, дар ҷомеа мавқеъ меёбад.

“Мо миёни нашрияҳои давлативу мустақил фарқе намегузорем, баръакс, ҷонибдори онем, ки ҳамагӣ дар ташаккули маърифату маънавиёти мардуми мо саҳм гиранд. Аммо давлат маблағи зиёдатӣ надорад. Рӯзнома ҳам хусусӣ аст, то аз давлат вобаста набошад”, - афзуд вай.

Ин замон ба вазир ишора шуд, ки сухан аз ҷудо кардани маблағи буҷа ба расонаҳо нест, балки додани сабукиҳо ва имтиёзҳо, масалан, андоз аз сӯи давлат аст. Вазир гуфт, расонаҳо метавонанд бо пешниҳодҳои худ муроҷиат кунанд ва вазорати фарҳанг ин ваколатро дорад, ки онҳоро бо мақомоти зидахл ва дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ба баррасӣ гузорад.

Давлат Сафар, сарвари Раёсати табъу нашри вазорат бар ин нукта такид кард, ки нашрияҳои тобеи вазорат низ ҳарчанд аз буҷа таъмини молӣ мешаванд, иҷоранишин ҳастанд, пули андозу барқ ва дигар хароҷотро аз ҳисоби худ пардохт мекунанд.

Рӯзноманигори маъруф Суҳроби Зиё зарурати таваҷҷӯҳи бештари Ҳукумат ба нашрияҳои мустақилро аз ин хотир муҳим шуморид, ки агарчи онҳо дар бархе масоил дидгоҳҳои хос ва мутафовит доранд, дар набарди иттилоотие, ки дар сатҳу минтақаву ҷаҳон дар ҷараён аст, метавонанд аз манофеи давлат дифоъ кунанд. 

“Нашрияҳои давлатӣ маҳдудиятҳо доранд ва ҳидоят мешаванд, аммо нашрияҳои мустақил, ки дасти бозтар доранд, нақши муҳим хоҳанд дошт. Масалан, “Озодагон” дар баҳсҳои минтақавӣ ва арзишҳои миллӣ хеле муассир буд. Мо аз вазорати фарҳанг мехоҳем, ки ба Ҳукумат ин ҳарфҳои моро расонад. Агар вазъ ҳамин тур бимонад, мо минбар нахоҳем дошт”, - таъкид кард Суҳроби Зиё.

Министр культуры Таджикистана Шамсидди Орумбекзода - Sputnik Тоҷикистон
Вазири фарҳанг: дар ҷомеаи навини тоҷикон китобу китобхонӣ мавқеашро гум накардааст

Давлат Сафар дар шарҳи қатъи чопи “Озодагон” гуфт, ки ин мавзӯъро Раёсати табъу нашри вазорати фарҳанг пайгирӣ карда, иттилоъ ба даст овардааст, ки нашрия аз чопхонаи “Аниса-95” 58 ҳазор сомонӣ  қарздор шудааст. Ӯ ҷанбаи сиёсӣ доштани басташавии "Озодагон"-ро рад кард.

“Чопхона гуфт, ки дар сурати адои қарз омода аст ҳамкориашро давом диҳад. Ҳарду соҳибкоранд. Метавонанд забон ёбанд. “Озодагон” расман ҳаққи фаъолият дорад, метавонад корашро идома диҳад. Хулоса, ин қазия ҷанбаи сиёсӣ надорад”, -  шарҳ дод Давлат Сафар.

Тибқи иттилои вазорати фарҳанг, ҳоло дар Тоҷикистон 376 рӯзнома - 112 давлатӣ, 264 ғайридавлатӣ, 245 маҷалла - 114 давлатӣ, 131 ғайридавлатӣ, 10 оҷонсии иттилоотӣ -1 давлатӣ, 9 ғайридавлатӣ ва 317 матбаа - 37 давлатӣ, 280 ғайридавлатӣ фаъолият доранд.

Таҷҳизоти муосири чопхона дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Арзиши рӯзномаҳо дар Тоҷикистон боло рафт

Коршиносон аз ин изҳори ташвиш мекунанд, ки бо вуҷуди сабти расмӣ доштани садҳо нашрияву маҷалла ангуштшумори онҳо фаъоланд ва бо тиражҳои хеле пойин нашр мешаванд. Сабаби умдатарини ин ҳол пеш омадани мушкилоти молӣ дар пайи буҳрони иқтисодии солҳои ахир аст.

Бо таъкиди ин нукта Худойбердӣ Холиқназар, раиси пешини Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ин вазъ дастгоҳ ва ҳукумати Тоҷикистонро ҳам ба ташвиш гузоштааст.

 “Мо ба аҳамияти амнияти иттилоотӣ ва нақши расонаҳо дар ҳифзи манофеи миллии кишвар қойил ҳастем. Ин вазъро мавриди таҳлил қарор додаем. Интизор меравад, ки ба ҳамин қарибиҳо дар дастгоҳи президент ва Ҳукумат сари баррасии он нишинем ва тасмим гирем, ки чӣ кор кунем”, - афзуд Худойбердӣ Холиқназар.

Лентаи хабарҳо
0