Кладбище в Узбекистане, архивное фото

Танзим дар қабристон: қабр бояд 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ дошта бошад

534
Аз ҳудуди қабристон барои ҳар як қабри алоҳида қитъаи замин ба андозаи миёнаи 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ ҷудо карда, масофаи қабрҳо ба андозаи на зиёда аз 1 метр аз ҷониби дарозии онҳо ва на зиёда аз 0,5 метр аз ҷониби паҳноии онҳо муқаррар карда шудааст

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо зери назорати доимии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Ба қабули қарори дар бораи қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо ду сол пур шуд, вале ҳанӯз баъзе сокинони кишварамон аз мавҷудияти он бехабаранд илова намудааст манбаъ.

Дар ин ҳол саволе ба миён меояд, ки оё рост аст дар қабристонҳо низ танзим бояд риоя шавад?

Вобаста ба ин масъала Одинашоҳ Вализода мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими дастгоҳи иҷроия чунин қайд кардааст:  “Дар давлати  соҳибистиқлоламон озодии виҷдон, эътиқод, ақида ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар асоси Конститутсияи Тоҷикистон кафолат дода мешаванд. Инчунин пайравони дини ислом ва дигар оинҳои мавҷуда дар адои маросимҳои динӣ озодии комил доранд”.

Инчунин дар Тоҷикистон, мутобиқи қонунгузории мамлакат, қоидаҳо оид ба нигоҳдории қабристонҳо, анъана, расму оин ва маросими мардумии миллату халқиятҳои муқими кишвар амалӣ карда мешаванд.

Нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо зери назорати доимии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ба онҳо ҳамчун як макони муқаддас муносибат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 25 январи соли 2017 қарор дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо тасдиқ шудааст, ки дар он таъсис, ташкили ҳудуд, мустаҳкамкунӣ ва кӯчонидани қабристонҳо, инчунин гузоштан ва нигоҳдории санги мазор муқаррар гардидааст. Нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.

Дар асоси талаботи “Тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо” аз ҳудуди қабристон барои ҳар як қабри алоҳида қитъаи замин ба андозаи миёнаи 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ ҷудо карда, масофаи қабрҳо ба андозаи на зиёда аз 1 метр аз ҷониби дарозии онҳо ва на зиёда аз 0,5 метр аз ҷониби паҳноии онҳо муқаррар карда шудааст. Андозаи санги мазори уфуқӣ на бештар аз 1,5 метр дарозӣ, 1 метр паҳноӣ ва 0,5 метр баландӣ, андозаи санги мазори амудӣ бояд на бештар аз 1 метр баландӣ, 0,5 метр паҳноӣ ва 10 сантиметр ғафсӣ дошта бошад.

534
Барчаспҳо:
қонун, танзим, Тоҷикистон, қабристон