Гавҳар Шарофзода, акс аз бойгонӣ

Ваҳдату Истиқлол камтар мешаванд: ҷонибдории Ҳукумат аз тағйири ҷойномҳои такрорӣ

485
Ахиран дар як ҷаласаи Маҷлиси миллӣ иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон аз ҷумлаи маҳаллаву ноҳия 31 Ваҳдат, 41 Гулистон, 25 Истиқлол, 15 Баҳористон ва 26 Бӯстон арзи вуҷуд кардаанд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, Ҳукумати кишвар аз иваз намудани номҳои такрорӣ бо ҷойномҳои таърихӣ дастгирӣ мекунад.

Шарофзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи такрори зиёди ҷойномҳо, амсоли Ваҳдату Истиқлол гуфт, вобаста ба ин масъала гуруҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолият дорад. 

Ӯ гуфт, дар пайи омӯзиш, гурӯҳи корӣ ҷойномҳои такрориро бо номҳои наздик ба таърихи маҳал, омилҳои муаррификунандаи ин маҳал ва мавқеи ҷуғрофии он иваз мекунад, номҳои таърихӣ барқарор мешаванд.

Шарофзода таъкид намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҳам нисбати иваз кардани ҷойномҳо бо номҳои хеле қадимӣ ва таърихияшон дастгирӣ ва ҳамкорӣ ҳаст.

Ин дар ҳолест, ки Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон низ ахиран гуфт, “номҳои ҷуғрофие, ки вожаи “ғар” доранд, набояд аз байн бурда шаванд”.  Нуриддин Саид қабл аз оғозои нишасти матбуотӣ дар доираи маҳдуди муовинону сарварони раёсаташ тавзеҳ дод, ки “ғар” калимаи суғдӣ ва маънояш “кӯҳ” аст, аз ин хотир, набояд номҳои ҷуғрофии ҳомили ин вожа ҳангоми маъракаи иваз кардани номҳо дар Тоҷикистон аз байн бурда шаванд.

Суҳбати хоси вазири маорифи Тоҷикистон бозгӯӣ аз он мекунад, ки на ҳама аз шеваҳои ивазу тағйири номҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон қаноатманданд. Ин раванд чанд сол ба ин сӯ идома дорад ва тағйири номҳои ҷуғрофиеро, ки дар замонҳои то ва баъд аз Шӯравӣ ба табъи сиёсатҳои давр ва бар ивази номҳои таърихии миллӣ гузошта шуда буданд, ҳадаф қарор додааст.

Яке аз аввалин тағйирот табдили номи вилояти собиқи Ленинобод ба Суғд буд. Қаблан академик Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори Донишгоҳи миллӣ ва узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ аз шеваи номгузориҳои ҷадид интиқод кард. Расонаҳо суханони ӯро иқтибос оварданд, ки дар як ҷаласаи Маҷлиси миллӣ гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон аз ҷумлаи маҳаллаву ноҳия 31 Ваҳдат, 41 Гулистон, 25 Истиқлол, 15 Баҳористон ва 26 Бӯстон арзи вуҷуд кардаанд.

Академик Имомзода фаровонии номҳои Лолазор, Зарнисор, Навободро низ иштибоҳ хонда, дар мавриди номгузориҳое, назири Наврӯз, Меҳргон, Намуна, Орзу, Саховат ва Ҷавонӣ гуфта буд, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ номи маҳал ё шаҳраку деҳотро ифода карда наметавонанд.

Ба қавли академик, ин номгузориҳо мухолифи меъёрҳои номгузории миллӣ ҳастанд, зеро номи афрод, идҳо, мафҳумҳои табиӣ, эҳсосҳои инсонӣ ва ғайра ҳеҷ гоҳ номи ҷуғрофӣ буда наметавонанд. Интиқодҳои академик рӯзи 19 декабр садо дода буданд. Он замон Маҷлиси Миллӣ ба мақомоти иҷроияи кишвар тавсия дод, ки ба ин нозукиҳо аҳамият бидиҳанд.

485