Пассажирский самолет, архивное фото

Оғози парвозҳо аз Душанбе ба Қатар дар ояндаи наздик

180
Дар ояндаи наздик парвозҳои мустақим аз Тоҷикистон ба самти Қатар ба роҳ монда мешавад

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik.  Икром Субҳонзода, директори Ожонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон зимни  нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки  аввали моҳи феврал намояндагони мақомоти авиатсияи Қатар ба Тоҷикистон оташриф оварданд.

Зимни сафари корӣ онҳо бо ҳамтоёни тоҷики худ лоиҳаи Созишнома доир ба пайваст намудани пойтахтҳои ҳар ду кишвар тавассути масири ҳавоӣ омода ва баррасӣ  намуданд.

Икром Субҳонзода афзуд, ки айни замон Тоҷикистон бо 23 кишвари  ҷаҳон созишномаҳои ҳамкорӣ  доир ба алоқаи ҳавоиро ба имзо расонидааст, ки онҳо парвозҳои мустақими ҳавоиро ба танзим медароранд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар шаҳри Доҳа  Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Қатар доир ба танзими қувваи корӣ дар Қатар ба имзо расонида шуд.

Санади мазкур баъд аз гузаронидани расмиёти дохили давлатии Тоҷикистон ва Қатар эътибор пайдо намуда, ҷалби коргарон аз Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони Қатар ба роҳ монда мешавад.

180
Барчаспҳо:
хатсайр, ҳамкорӣ, равобит, ҳавопаймо, афзоиши парвозҳо, парвоз, Қатар, Тоҷикистон