Снегопад, архивное фото

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

66
(Таҷдидшуда 09:59 15.02.2019)
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб ба самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ "Ховар" хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ  барфи кӯтоҳмуддат меборад. Нимаи дуюми рӯз ҳавои бебориш дар назар аст.   Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона  ҳаво аз  4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  20-25 ва рӯзона 6-11  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб  ба самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат  дар водиҳо шабона  аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард  шуда,  рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.    Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда,    рӯзона 2 -7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо асосан бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5  дараҷа сард шуда,    рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона 4-9 дараҷа сард шуда,  рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  абрноки бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб  ба самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3  дараҷа сард ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.

66