Книга, архивное фото

Нашри китоби шоири тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар Тошканд

49
Дар Узбакистон маҷмӯи ғазалҳои шоири номвари тоҷик Камоли Хуҷандӣ ба чоп раисд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Нашриёти “Ноширлик ёғдуси”-и пойтахти Узбакистон маҷмӯи ғазалҳои шоири номвари тоҷик Камоли Хуҷандиро нашр кардааст.

Дар ин бора рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" иттилоъ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ,  маҷмӯаро Шӯҳрат Бобоҷонов омода сохта, он шомили ғазалҳои дилнишини шоири хушгуфтор Камоли Хуҷандӣ мебошад.

“Ин маҷмӯа барои муаллимон, донишомӯзону донишҷӯён ва ҳаводорони осори адабӣ, бо забони тоҷикӣ манфиатбахш хоҳад буд”, - гуфт манбаъ.

Манбаъ қайд намудааст, ки баъди ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ бо Узбакистон ҳамкориҳои иқтисодиву тиҳоратӣ ва илмиву фарҳангӣ бамаротиб таҳҳким ёфтанд.

Инчунин манбаъ афзудааст, ки нашри ғазалҳои шоири тоҷик Камоли Хуҷандӣ “Гулдастаи ғазал” низ аз ҳамкорӣ ва таҳкими робитаи илмӣ бо кишвари ҳамсоя шаҳодат медиҳад.

49
Барчаспҳо:
"Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, нашри китоб, китоб, Узбакистон, Суғд, Хуҷанд, Тоҷикистон