Вазир - шоир: генерал Раҳимзода фурсати шеърнависияшро гуфт - навор

© Фото : МВД Республики ТаджикистанМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки бо тахаллуси шоирии Ниҳонӣ шинохта шудааст, фурсати шеърнависияшро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik.  Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба суоли хабарнигорон, ки чигуна дар ин мақоми серташвишу пурмасъулият фурсат барои эҷоди шеъру шоирӣ меёбад, посух дод, ки асосан шабона ба эҷодиёт машғул мешавад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон раёсати нав ташкил дод

“Баъди соати 8-9 ҳар чизе лозим бошад менависам, пешниҳод мекунам”, - изҳор дошт Раҳимзода ва таъкид намуд, ки он ба фаъолияти корияш вобастагӣ надорад.  

Ин дар ҳолест, ки қаблан театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ достони "Дили модар"-и шоир Ниҳониро ба саҳна гузошта буд. Ин достон аз саргузашти як ҷавони тоҷик, ки ба гурӯҳи ифротӣ пайваста, дар охир модари худро ба қатл мерасонад, нақл мекунад.

Инчунин пештар хабар дода шуд, ки ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев шеъри "Эҳёи дӯстӣ"-и Ниҳониро оҳанг баст.

Ин шеъри вазири умури дохилии Тоҷикистон ба барқарор шудани муносибатҳои хуби Тоҷикистону Узбакистон бахшида шуда, пас аз сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи март ба Тоҷикистон расонаӣ гашт ва онро Афзалшо Шодиев ҳангоми сафари ҳунарӣ ба кишвари ҳамсоя иҷро кард.

Лентаи хабарҳо
0