Вохӯри бо собиқадорони ҷанги Афғонистон дар Суғд

Вохӯрии ҷавонони Суғд бо куҳансарбозони ҷанги Афғонистон

82
Куҳансарбозони вилояти Суғд ба ҷавонон аз ҳузури нирӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон ва иштирокашон дар ҷанг дар ин кишвар қисса карданд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дирӯз бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Рӯзи баровардани Қушунҳои Иттифоқи Шӯравӣ аз Афғонистон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд вохӯрии ҷавонони шаҳри Хуҷанд бо собиқадорон ва ҷанговарони интернатсионалист баргузор гардид.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҳамоиши мазкур генерал-майор, ҷанговари интернатсионалист А. Ҳомидов иштирок дошта дар мавзўи ‘’Ёде аз корнамоиҳои ҳамяроқон’’ маърӯза кард. ғайр аз ин дар ҳамоиши мазкур дигар мавзӯъҳои ҷолиб баррасӣ шуд.

Ҳамчунин раиси шӯрои Иттифоқи собиқадорони ҷанговарни интернатсионалисти вилояти Суғд Комил Содиқов, корманди Осорхона таърихии вилояти Суғд Волида Қодирова доир ба мавзўи “Артиши миллӣ – кафолати осоиш ва амнияти мардум”суханронӣ кард.

82