Шарофиддин Гадоев бо модар ва хоҳараш

Сӯҳбати ошкорои Гадоеву модараш: аз шарҳи "дуздида шудан" то "шиканҷа" ва муроҷиат ба ПМТ

2743
(Таҷдидшуда 17:03 16.02.2019)
Ба гуфтаи Шарофиддин, баргаштани ӯ далели фароҳам омадани шароити хуб дар Тоҷикитон аст ва нақша дорад, ки зану ду фарзандашро, ки феълан дар Нидерланд қарор доранд, ба Тоҷикистон орад

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Шарофиддин Гадоев, яке аз мухолифини пешини Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот ба хоҳиши худ ба Тоҷикистон баргаштааст, бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон мусоҳибаи тахассусӣ анҷом дод. 

Гадоев феълан дар манзилашон дар шаҳри Душанбе дар назди модар ва пайвандонаш қарор доштааст. Ба Sputnik Тоҷикистон даст дод, ки бо модари Гадоев - Оишамоҳ Абдуллоева ва хоҳараш Занҷирамоҳ Гадоева мулоқот кунад.

Гадоевҳо дар сӯҳбат овозаҳои "рабуда шуданаш аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон" ва "шиканҷа шуданаш"-ро тавзеҳ доданд. Шарофиддин афзуд, ки пас аз чанд рӯз амалан нишон хоҳад дод, ки озод асту шиканҷае нашудааст.

- Салом алейкум, модари азиз. Луфан дар бораи баргаштани фарзандатон як-ду сухан мегуфтед.

Оишамоҳ Абдуллоева:  Ман модари Шарофиддин Гадоев, Абдуллоева Оишамоҳ мебошам. 67 сол дорам. Имрӯз, ки писари ман бо хоҳиши худаш баргашт, мо хурсандем ва миннатдории худамонро ба роҳбари давлат ва коркунони давлат баён мекунам. Чихеле, ки мебинед  Шарофиддин соқу саломат аст, ягон гапи шиканҷа нест ва дар пешам аст. Шукронаи Аллоҳро мекунам, шукронаи тинҷӣ мекунем, ки фарзандамон бо нағзӣ гапи моро гирифт ва омад.

Мо  солҳои 92- ро дар ёд дорем (ҷанги шаҳрвандиро - идора), ки хусусан халқи ноҳияи Фархор азоб кашиданд, баъзе  оилаҳо тамоман нест шуданд. Ҳоло Худоро шукр, ки тинҷӣ ва амонӣ аст. Хурсандам, ки ҷавононро аз хориҷ бармегардонанд ва мебахшанд.  Аз ҳамаи бародарон хоҳиш мекунам, ки мисли фарзанди ман ба ватан баргарданду як гӯшаи ватанро обод кунанд ва  модарони тоҷик илоҳо дигар ғами фарзандро набинанд.  

- Лутфан бигӯед, ки фарзанди шумо ба хоҳиши худ баргаштааст? Сару садоҳое ҳаст, ки ӯро диздида овардаанд.

Оишамоҳ Абдуллоева: Бо хоҳиши худ омадааст. Мо худамон ба ӯ чанд маротиба фаҳмонидем. Ҳама ҳам ранги ӯ ғайрат кунанд ва баргарданд. Ӯ шаш сол зиёд дар ғарибӣ буд ва фирефтаи наҳзатиҳо шуд. Аз дигарон хоҳиш дорам, ки фирефта нашаванду ба ватан баргарданд.

- Шарофиддин, ҳоло ки баргаштаӣ, чӣ гуфтание дорӣ?

Гадоев: Ҳама тинҷ аст, ором аст. Даъват мекунам, ки дигар ҷавонҳо ҳам баргарданд. Дастёри модару волидон шаванд, ки ин беҳтарин хизмат барои ватану модар аст.

- Ҳангоми бозгашт шуморо мақомти қудратӣ  шиканҷа карданд? 

Гадоев: Маро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  нағз қабул карданд, аз ҷониби ҳукумат ягон беэҳтиромӣ нисбати ман нашудааст, то имрӯз фаъолияти онҳо дар доираи қонун аст, муноибат тоҷикона аст.

- Шарофиддин, ба гурӯҳи "Паймони миллии Тоҷикистон" ва ҷавонон, ки дар хориҷ қарор доранд, чӣ гуфтан мехоҳӣ?  

Гадоев: Ба ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд ва аз вазъи Тоҷикистон норозогӣ баён мекунанд, гуфтан мехоҳам, ки воқеан шароит дигар аст ва баргардеду баъзе воқеаҳоро бингаред ва баъдан худатон ба хулсае оед, ки . баъзе  интиқодҳо ва мавзеъгириҳо нодуруст буданд. Имрӯз имконият барои мову шумо фароҳам аст,  шароит ҳасту метавонем баргардему хостаҳои худро дар амал татбиқ кунем.  Имрӯз ин шароит ҳаст ва шояд фардо набошад ва омадани ман тасдиқи ҳамин гуфтаҳост.

Ман баъди чанд рӯз амалан нишон хоҳам дод, ки воқеан дар Тоҷикистон пешравиҳо аст, ман озод ҳастам ва мавриди шиканҷа қарор нагирифтаам.

- Чӣ нақшаҳо дорӣ?

Гадоев: Нақша дорам, ки ҳамсару фарзандамро, ки дар Нидерланд қарор доранд, ба Тоҷикистон баргардонам ва аз пайи хизмат ба мардума ватан шавам.

 

2743