Турнир по мини футболу посвященный Алмазному Юбилею Ага Хана IV

Кумитаи ҷавонон рӯзноманигоронро ба футбол даъват кард

85
(Таҷдидшуда 11:09 17.02.2019)
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои рӯзноманигорони Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд ташкил кардааст.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik.  Кумитаи ҷавонон таҳти унвони Ҷоми “Журналистони ҷавон – 2019” миёни кормандони Воситаҳои ахбори омма мусобиқаи футболи хурд баргузор менамояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти кумита.

Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқа бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил карда мешавад, баргузор хоҳад шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки муассисаву рӯзномаҳо ва ташкилотҳои иттилоотиву хабарнигорӣ метавонанд дар мусобиқаи мазкур иштирок намоянд.

Муҳлати қабули дархостҳо то 18 феврали соли равон муқаррар гардидааст.

85
Барчаспҳо:
ҷавонон, журналистон, футбол, мусобиқа, озмун, рӯзноманигорон, Тоҷикистон
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Писаракро чакан пӯшондаву дар сараш тухм шикастанд: ҳабси блогерон барои пранки таҳқиромез

46
(Таҷдидшуда 13:22 13.08.2020)
Чуноне дар навор дида мешавад як духтарак бо ду ҷавон ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд

ДУШНБЕ, 13 авг — Sputnik. Милисаҳои Душанбе се шаҳрванд, ду ҷавон ва як занро барои пранки ғайриахлоқӣ баздошт намуда, ҳабс ва ҷарима кардаанд.

Тавре РВКД Душанбе гузориш додааст, 11-уми августи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби 2-3 нафар ашхоси ба ном "блогер" мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани як наврас инъикос ёфтааст.

"Ин амалу кирдори ноҷавонмардонаи ин блогерон мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, ҳамзамон як қатор корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шуда, нисбати онҳо чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад", - менависад манбаъ.

Воқеан чуноне дар навор дида мешавад як нафар ҷавонзан бо ҳамроҳии ду нафар ҷавонмард ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд.

Дар давоми ин ҳама кирдорҳои зиддиқонунӣ "блогерҳо" наврасро ба масхара мегиранд, ки “ранги арӯси замонавӣ шуд”, “мо арӯс кофта гашта будем”, “гап нест дар ин арӯс” мегӯянд.

"Дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагон ин навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Аз ҷумла инҳо Хоҷаев Аҳлиддин Зайниддинович, Муҳаммадиев Акбар Одилович ва Кулиева Матлуба Баҳодуровна мебошанд", -  тавзеҳ медиҳад РВКД ДУшанбе.

Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки банаворгирии "пранк"-и ғайриахлоқӣ ва дур аз фарҳангу маданияти тоҷикона бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи писарбачаи ноболиғ Д.Ф, соли таваллудаш 2006 сабт карда шуда, охирон яке аз хешовандони наздики боздоштшуда Хоҷаев Аҳлиддин ба ҳисоб мерафтааст.

Милиция Душанбе задержали трех блогеров
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" вайрон гардидааст.

Нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд Хоҷаев Аҳлиддин ва Муҳаммадиев Акбар ба муҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Илова бар ин, бо назардошти дар тарбияи шаҳрванд Кулиева Матлуба мавҷуд будани кудаки ноболиғ, нисбаташ шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

46
Новая эстакада в Душанбе

Эстакадаи сесатҳа ҳам кумак накард: қонуншикании ронандагону пиёдагардон - навори БДА

68
(Таҷдидшуда 12:55 13.08.2020)
Эстакадаи сесатҳа, ки дар шаҳри Душанбе тоза мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, мушкилоти мавҷударо коҳиш дода натавонист

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Мушкилоти умдатарин дар роҳҳои мошингарди пойтахт, ин тамбашавии нақлиёт ва нақзи қавонини ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон мебошад.

РВУД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бо вуҷуди ба истифода додани эстакадаи сесатҳа, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ҳамоно дар ҷойҳои муқаррарнашуда мусофиронро мефароранд ва ё савор мекунанд.

Манбаъ меафзояд, бо ҳамин кори худ ронандагон ҳолати садамавиро ташкил медиҳанд ва ҳамзамон ҷони мусофиронро дар хатар мемонанд.

Дар навор қонуншиканиҳои ронандагони мусофирон баръало нишон дода шудааст.

Мусофироне, ки дар ҷойҳои муқаррарнашуда аз нақлиёт берун мешаванд, гулгаштҳои сари роҳро зер намуда, меҳнати нафароне, ки дар ободии пойтахт саҳмгузорӣ мекунанд, поймол менамоянд.

Гузашти худравҳо аз эстакадаи нави Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ шуд - 15 акс

Дар ҳамин ҳол, ронандагон иллати манъ кардан дар чунин ҷойҳоро бори мусофирон мекунанду мусофирон бошанд ҳамаи айбро ба ронандаҳо ҳавола мекунанд.

Зимнан, кормандони БДА бо ронандагону мусофирон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, барои дигарбора содир накардани ин амалашон ба онҳо ҳушдор доданд.

Гузашта аз ин, даҳҳо ронандагон барои таваққуф кардани дар ҷойҳои муқаррарношуда ҷаримабандӣ шуданд.

68
Барчаспҳо:
навор, пиёдагард, ронанда, қонуншиканӣ, Душанбе, БДА