Подростки

Додситони Суғд: барои бе масъулиятии падару модар 646 нафар ба ҷавогарӣ кашида шуд

205
(Таҷдидшуда 11:28 17.02.2019)
Ҳабибуло Воҳидов додситони вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки дар соли 2018 дар миқёси вилоят 6083 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешин 371 адад зиёд аст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik.  Прокуратураи вилояти Суғд соли гузашта  дар доираи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд барои вайрон кардани талаботи қонуни мазкур 646 нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид. 

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ  Ҳабибуло Воҳидов додситони вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, инчунин дар соли гузашта аз ҷониби прокуратураи вилоят дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 302 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 4043,2 га қитъаи замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

“Нисбат ба 262 адад қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки аз он 227 ададаш  вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин мебошад, эътироз оварда шудааст”, таъкид намудааст Воҳидов.

Дар ҳамин ҳол Ҳабибуло Воҳидов таъкид намудааст, ки дар раванди санҷиши қонунгузорӣ доир ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхонаю муассисаҳо  қонунвайронкуниҳо низ ошкор гардиданд.

Дар натиҷа 263 нафар ба ҷавобгарии мухталиф кашида шуда,  дар асоси амрҳои прокурорӣ 54,8 млн. сомонӣ музди меҳнат пардохт гардид. 18 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 153 ва 154 –и Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Ҳамзамон прокурори Суғд вобаста  ба вазъи ҷинояткорӣ зикр кард, ки  соли 2018 дар миқёси вилоят 6083 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017 371 адад зиёд аст.

205
Барчаспҳо:
прокурор, гурӯҳи ҷоноӣ, маъмурӣ, ҷиноят, Суғд, додситон, Тоҷикистон