Улица в городе Душанбе, архивное фото

Роҳбарият ва кормандони Филармонияи аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ огоҳ шуданд

209
(Таҷдидшуда 14:50 17.02.2019)
Корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо роҳбарият ва аҳли кормандони филармонияи бачагона ҷаласа доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистию терористӣ баргузор намуданд

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ахиран дар Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон ҷаласа доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистию терористӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати фарҳанг.

Саранҷом намояндаи кумитаи амнияти миллӣ  дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистию терористӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бинобар беаҳамиятию камсаводии баъзе аз афроди мамлакат имрўзҳо баъзе аз ҷавонон ба гумроҳӣ рафта, аз надонистани оқибатҳои шомил шудан ба гурўҳҳои ифротӣ даст ба ҷиноятҳои хатарнок мезананд. 

Вай таъкид намуд, ки зиёда аз 150 нафар ҷавонон берун аз сарҳад дар ҳудуди Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя оворагард шудаанд.

“Аз ҳар як корманд эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар ҳолати пай бурдани шахсони шубҳанок, ки амалҳояшон ба гурўҳҳои ифротӣ алоқамандӣ дорад, ҳатман ба нозири минтақавӣ ва ё ба телефонҳои боварии мақомотҳои қудратӣ занг зананд” - иброз дошт намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон. 

Дар фарҷом директори Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон Салоҳиддин Раззоқов таклиф ба миён овард, ки дар муассиса ҳафтае як маротиба дар ҷаласаҳои назоратӣ мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистию терористӣ баррасӣ гардад.

209
Барчаспҳо:
террористӣ, террорист, фарҳанг, Филармонияи кӯдакона, Тоҷикистон
Горная дорога в Таджикистане

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: ду мусофири "Тайота - Карола" ҷон бохтанд

2
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ хабар медиҳад, ки ба ҳалокати ду мусофири автомашинаи "Тайота - Карола" анҷомид

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Садамаи маргбор дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ"  дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат рух дод, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Ба иттилои манбаъ, садамаи мазкур рӯзи 5-уми август, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа ба вуқӯъ пайваст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Нуриддинов Шуҳрати 32 - сола, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ", дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Тайота-Карола", таҳти идораи Муродов Иброҳими 37 - сола сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи "Тайота - Карола" Қамишев Нуриддини  54 - сола ва Эмомқулов Алиҷони 28 - сола аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" ва мусофираш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

2
Барчаспҳо:
ҳалок, мусофир, мошин, садама, роҳ
Парламентские выборы в Таджикистане

Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон эълон шуд

296
(Таҷдидшуда 12:26 06.08.2020)
Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон имрӯз зимни баргузории ҷаласасаи навбатии порлумони кишвар дақиқ шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад, хабар дод Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи парлумон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси қаророри қабулгашта интихоботи навбатии президентӣ дар кишвар рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, иҷлосия таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Дар пайи қабули қарори баргузории интихоботи президентӣ ҳамакнун аҳзоби сиёсӣ метавонанд номзадҳои худ ба курсии президенти Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Ёдовар мешавем, интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд.

Муҳлати резидентӣ дар Тоҷикистон  7 сол аст.

Президенти кунунии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи ноябри соли 1994 инҷониб дар ин вазифа аст.

296